Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

ТАБРИКОТИ УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ НОҲИЯИ ДАРВОЗ МУҲТАРАМ АБДУРАҲМОНЗОДА САИДБУРҲОНИ САИДРАҲМОН БАХШИДА БА «РӮЗИ МАТБУОТ» ВА ИДИ КАСБИИ РӮЗНОМАНИГОРОН

 

Abdurahmonzoda S S

Ҳамдиёрони азиз!

 

Муҳтарам рӯзноманигорон!

 

Имрӯз дар Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоли мо Рӯзи матбуот ва Иди касбии рӯзноманигорон таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат тамоми рӯзноманигорон ва аҳли қаламу суханро самимона табрику таҳният гуфта, барояшон саломатӣ, сарбаландӣ ва муваффақиятҳои касбию ҳаётиро таманно менамоям.

 

Тоҷикистон пас аз касби соҳибистиқлолӣ дар масъалаи озодии баён ва рушди матбуот пешравии назаррасеро соҳиб гаштааст. Фазои солими имрӯзаи кишвар заминаи мусоидро фароҳам сохта, ҳамаи пешравиҳо аз сулҳу суббот ва ваҳдати ягонаи миллӣ сарчашма мегиранд.

 

Бояд қайднамуд, ки матбуоти тоҷик дар 109 соли мавҷудияти худ роҳи пурифтихореро тай намудааст ва дар роҳи иттилоърасонӣ ва ривоҷ додани андешаҳои миллӣ саҳми босазое гузоштааст.

 

Нахуст шумораи рӯзномаи «Бухорои шариф», ки 11 марти соли 1912 бо забони тоҷикӣ ба табъ расид, орзуи деринаи зиёиёни равшанфикри тоҷикро амалӣ намуд.

 

Ҳамагон огаҳӣ дорем, ки дар давраи ҳукмронии Иттиҳоди Шӯравӣ шумораи радиову телевизион ва рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ ангуштшумор буданд ва имрӯз теъдоди онҳо ба маротибаҳои зиёд афзудааст.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонзимни яке аз суханрониҳои хеш чунин қайд намудааст: «Имрӯз матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, дар таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имконияти васеъ муҳайё месозад».

 

Айни ҳол, дар ноҳия рӯзномаи «Дарвоз» амал намуда истодааст, ки таърихи зиёда аз 85-сола дошта, розу ниёзи мардумро бозгӯӣ менамояд. Рисолати ҳар як рӯзноманигор ва зиёӣ он аст, ки нерӯи сухан ва хомаи созандаашро барои ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ равона созад.

 

Имрӯз хуб аст ёддовар шавем, ки дар давраҳои гуногун Розиев Рӯзӣ, Шодиев, Сиддиқов, Муҳаммадов, Ҷорубов, Саидов, Ғоибов, Додов Н, Бозоров, Давлатов С, Исломов С, Додарҷонов Қ, Диловаров С, Маҳмадов М, Отахонов Қ, Ғиёсиев И, Назриев Ҷ, Қосимов Д ва Ватанов П ҳамчун муҳаррир, инчунин котибони масъул ва мухбирони рӯзномаи ноҳиявӣ Давлатов, Иззатшоев, Амирҷонов А, Исоев Б, Бӯров Н, Сулаймонов А, Абдулло Дӯст, Маҳмадҷиёнова О, Расули Шодӣ, Носиршои Мирзо ва боз чандини дигар тавонистанд рисолати худро ба хубӣ анҷом диҳанд.

 

Бояд қайд намоям, ки албатта хизмати ин рӯзноманигорон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад, чунки онҳо бо навиштаҳои худ манфиатҳои бузурги миллиро ҳифз карда, дар пешрафти корҳои созандагию бунёдкориҳо саҳми босазо гузоштаю мегузоранд ва итминони комил дорем, ки ин равнад дар оянда боз хубтару беҳтар ба роҳ монда мешавад.

 

Бо ин ниятҳои нек бори дигар тамоми рӯзноманигорон ва аҳли қаламро табрик гуфта, саодат ва пирӯзиро хоҳонам.

Иди касбӣ, муборак!




Омори сомона

1519101
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
230
1351
3132
1504499
1581
30776
1519101