Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Табрикоти узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Abdurahmonzoda S S

 

Ҳозирини гиромӣ,

 

Афсарону сарбозони шуҷои Ватан!

 

Бо арзи эҳтиром аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи Шумо ҳозирини гиромиро ва дар симои Шумо кулли афсарону сарбозони шуҷои Ватанро, ки дар ҳифзи марзу бум ва таъмини амнияти давлату ҷомеа саҳми бузург доранд, табрику муборакбод гуфта, орзуи тансиҳтию сарбаландӣ ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулу бошарафашон муваффақият орзу менамоям.

 

Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллии ватани азизамон мебошад.

 

Мавриди зикр аст, ки баъди пошхӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ сарфи назар аз оне, ки кишварро вазъи нооромии ҳарбӣ-сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фаро гирифта буд, Тоҷикистони тозаистиқлол бо назардошти манфиатҳои Ватану миллат ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддию техникӣ вуҷуд надошт, яъне бунёди Артиши миллӣ дар заминаи холӣ аз сифр оцоз ёфт.Бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва азму иродаи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони хеле мураккаби сиёсӣ таъсис додани ҚувваҳоиМусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кори саҳву осон набуд.

 

Санаи 18 декабри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарор ба имзо расонид, ки Артиши миллии мо дар заминаи фронти халқӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки ҳукумати конститутсиониро тарафдорӣ менамуданд, таъсис дода шуд.

 

Ҳамин тариқ, 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ доир гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

 

Бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини он рӯзҳо, тамоми имкониятҳоро ба хотири таъмини шароити зарурии хизмат ва зиндагии барои ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Артиши навташкил равона сохт. 

 

Муҳтарам ҳозирин!

 

Ҳанӯз дар оцози таъсисёбии Артиши миллӣ, яъне дар шароити ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афсарону сарбозони шуҷоъ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ қатъи ҷангу хунрезӣ, аз нестшавӣ ва парокандагӣ нигоҳдоштани давлату миллат, истиқрори сулҳу оромӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон саҳми ниҳоят арзишманд гузоштаанд. Дар ин роҳ ҳазорон нафар афсарону сарбозони бо нангу номус ва содиқу сарсупурдаи мо ҷони худро нисор кардаанд, ки хотираи неки онҳо дар қалби мардуми Тоҷикистон ҳамеша зинда хоҳад монд.

 

Зеро таъмини амнияти давлату миллат ҳаёти осоиштаи ҷомеа ва пешрафти тамоми соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоиёт, тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун, пешгирию мубориза бар зиддӣ ҷинояткорӣ, пеш аз ҳама ба тенҷию оромӣ ва мустаҳкамии марзу буми кишвар сахт вобаста аст.  

 

Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардумони он сарзамин ба ҳисоб меравад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ташкил намудани Қувваҳои Мусаллаҳ дар он замони бисёр душвории вазъи сиёсӣ таъкид менамояд:

 

«Артиши миллии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнину мураккаби сиёсию иҷтимоӣ дар ҳаёти кишвари тозаистиқлоламон таъсис дода шуд», ҳанӯз аз солҳои нахустини таъсисёбиаш аз имтиҳону озмоишҳои шадиди он аём гузашт ва тадриҷан ба як нерӯи қудратманди низомӣ муҳофизи боэътимоди сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфт.

 

Мо ба цайрату матонат, далерию шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан боварӣ дорем ва аз онҳо ифтихор мекунем.

 

Баҳри баланд бардоштани қудрати ҷангии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни ҳол пойгоҳи тамоми қисмҳои низомӣ бо техникаву лавозимоти мухталифи ҳозиразамони ҳарбӣ, заминаҳои хубу моддию техникӣ ва дигар шароитҳои муосири хизмативу маишӣ ва ҳам таълимӣ бунёд ва муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

 

Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилиҳои иқтисодию молиявӣ, ҳанӯз аз марҳилаҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бунёд ва таҷлилу азнавсозии инфрасохтор, инчунин таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонидашуда эътибори ҷиддӣ дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа ва ташкили воҳидҳои    алоҳида ба роҳ монда шудааст.

 

Таи солҳои сипаришуда шарту шароити хизмати ҳарбӣ дар   ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтару хубтар гардидааст.

 

Дар чунин шароит тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ-аз сарбозони қаторӣ то афсарони баландрутба вазифадоранд, ки донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро баҳри ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ равона созанд.     

 

Бори дигар ҳамаи афсарону сарбозони қисмҳои низомии дар ноҳия мустақарбударо ва дар симои Шумо ҳамаи хизматчиёни ҳарбии мамлакатро ба ифтихори 28-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳамаи Шумо саломатӣ, тансиҳативу хушбахтӣ ва дар роҳи ҳифзи ватани соҳибистиқлоламон руҳи шикастнопазир ва иродаи қавӣ орзу менамоям.

 

  Ҷашн муборак бошад, афсарону сарбозони шуҷои Ватан!

 




Омори сомона

1176276
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
205
500
2070
1170502
12854
25133
1176276