Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Баромади Муовини якуми раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Давлатзод Ҳаким бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президент» ва 28-уминсолгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 davlatzod h Ruzi prezident 1

 

Ҳозирини гиромӣ!

 Ҳамдиёрони азиз!

 Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент қарор доранд, ки   ин ду ҷашн бо ҳам пайванди ногустастани доранд. Зеро Иҷлосия барои мардуми тоҷик шахсеро рӯйи кор овард, ки тавонист тамоми ҳастиашро барои барқарорсозии сулҳу оромии кишвар равона созад.

 Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шумо ҳозиринро ба муносибати ин санаи фархунда, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои зарин сабт гардидааст ва барои мо мардуми тоҷик ин ҷашнҳо азизу муътабар ҳастанд, табрику муборакбод гуфта, тансиҳатӣ, рӯзгори ободу осуда, хушҳолии кули мардуми Тоҷикистонро таманно менамоям.

 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсоз мебошад. Арзишмандтарин дастоварди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ он буд, ки шахси ҷасур, сарсупурдаи миллат, мушкилкушои халқ, матиниродаю мушкилнописанд, сулҳу ваҳдатофар, созандаву бунёдкор ва хоксору мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбарӣ овард.

 Аз рӯи баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ 28-сол сипарӣ шуда бошад ҳам, аҳамияти он сол то сол бузургтару шукуҳмандтар мегардад. 

 Мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки 14 майи соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид гардид, бо мақсади эътирофи хизматҳои арзанда, дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодию сиёсии мамлакат 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

 Агар ба гузаштаи на чандон дурр назар афканем, мебинем, ки шакли идораи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 ноябри соли 1990 тавассути ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҷорӣ карда шуд.

 Таҷрибаи солҳои авали соҳибистиқлолӣ нишондод, ки дар шароити зиддиятҳои шадиди дохилӣ, шакли идораи президентӣ барои таъмини амният, якпорчагӣ васоҳибихтиёрии мамлакат хизмат карда наметавонад. Аз ин рӯ, дар Иҷлосияи таърихии 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардида, шакли идораи президентӣ барҳам хӯрд ва аз нав шакли идораи парламентӣ пазируфта шуд. Дар ҳамон иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне Сарвари давлат интихоб гардид.

 Ruzi prezident 2Инчунин, дар ҳамон Иҷлосияи таърихӣ зарурияти қабули Конститутсияи нави ҷумҳурӣ баён ва барои таҳияи лоиҳаи он Комиссияи давлатӣ таъсис шуд. Зимни таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи давлат низ баррасӣ гардида, шакли идораи Президентӣ авло дониста шуд.

 Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистонро президентӣ эътироф намуда, дар бобби алоҳида вазъи ҳуқуқии Президентро ба танзим даровард.

 Дар ҳамон рӯз интихоботи умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ доир гашта, Эмомалӣ Раҳмон нахустин Президенти Ҷумҳурии соҳибихтиёри Тоҷикистон интихоб гардид. Интихобот дар замоне барпо гашт, ки дар мамлакат ҳанӯз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аланга мезад ва мардум дар пушти сангарҳо қарор доштанд. Нахустин вазифаи Президент таъмини сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа буд. Новобаста аз мушкилоти ҷойдошта кӯшишҳои пайвастаи Роҳбари ҷавони кишвар самара доданд ва барои рушди Тоҷикистон замина фароҳам омад.

 Дар Конститутсияи нав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроияи (Ҳукумат) эълон гардид. Ин мақоми баланд, пеш аз ҳама, аз он сарчашма гирифт, ки салоҳиятҳоро ба Президент халқ тавассути иштироки бевосита дар интихобот дод. Аз ин рӯ, Президент мансаби олӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад.

 Ҳифзи нангу номуси миллӣ, ҳифзи миллат, забон, мазҳаб, фарҳанг, иқтисод, муқаддасот, Президент ва амнияти миллат мебошад.

 Мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо- сулҳу суббот ва дастовардҳои сиёсию иҷтимоии давлат бирасем ва дар атрофи Президент сарҷамъ шуда, Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо намоем.

 Бо ин ҳама орзую ниятҳои нек бори дигар «Рӯзи Президент» ва 28- умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, орзӯи саломатӣ, барори кору рӯзгори обод ва дастархони пур аз файзу баракати мардуми тоҷикро орзӯ менамоям.

 Сарбаланду сарфароз бошед, ҳамдиёрони азиз!

 

 




Омори сомона

1177150
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
1079
500
2944
1170502
13728
25133
1177150