Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Таҷлил аз 26- умин солагарди Рӯзи Конситутсия дар ноҳияи Дарвоз

 Konst 2

   Саннаи 05.11.2020 дар бахши фарҳанги ноҳияи Дарвоз Маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ  бахшида ба ҷашни мазкур дар  сатҳи баланд баргузор  карда шуд.

 Сараввал, муовини якуми  раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Давлатзод Ҳаким суханронӣ намуда, ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро ба  муносибати ин саннаи муҳими таърихӣ  табрику муборакбод гуфта, орзӯи тансиҳатӣ, тавонмандӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу салоҳ ва амнияти сартосарӣ ва ба ҳар як фард-фарди ноҳия муваффақият таманно намуданд. Инчунин, иброз намуданд, ки қабул гардидани Конститутсия дар таърихӣ навини соҳибистиқлоя як падидаи нодири давлатдорӣ мебошад.

 Ҳамзамон, прокурори ноҳияи Дарвоз Ҳақназарзода Бахтиёр ба сухан баромада, вобаста ба таърихӣ қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба хуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва барқарорсозии сохтори Конститутсионӣ ва таҳкими сулҳу суббот, таъмини амният суханронӣ намуданд.

 Дар баробари ин омӯзгори муассисаи таълимии №1 Суфиев Сайфулло ва хонандаи муассисаи тълимии №8 Покизаи Сайидбег вобаста ба таърих ва қабули ин санадди сарнавиштсози миллат ақидаҳҳои худро ибрози намуданд.

Konst 1

Дар чорабинии мазкур ба 8 нафар шахсон бо Ифтихорномаҳои раиси ноҳияи Дарвоз ҷиҳати хизматҳои арзанда ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ,  таъмини волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти давлату ҷомеа баахшида ба 26-умин солагарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

 Дар охир кормандони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи омоданамудаи хеш табъи тамошобинонро болида сохтанд.

 




Омори сомона

1517644
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
124
1551
1675
1504499
124
31315
1517644