Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Баромади узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон бахшидаба таҷлили «Иди Меҳргон»

  idi mehrgon 1

Ҳозирини гиромӣ!

 Ҳамдиёрони азиз!

 Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллии мо аз ҷумла Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Садда аз нав эҳё гардидаанд.      

 Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 «Иди Меҳргон» дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди миллӣ эътироф гашта, дар баробари ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош меварзад, то мероси ғании фарҳангӣ, расму оинҳои ниёгон дар доираи чорабиниҳои давлатӣ таҷлил гарданд. 

 Оинҳои Меҳргонӣ, махсусан дар миёни кишоварзон, то рӯзгори мо нигаҳдорӣ шудаанд. Меҳргон дар фарҳангу таммадуни тоҷикон ҷойгоҳи ба худ хос дошта, мардум арзишҳои волои онро дар хотираи таърихии хеш на танҳо чун дури гаронбаҳои маънавӣ ҳифз кардаанд, балки сарфи назар аз фишори аҷнабиён дар давоми ҳазорсолаҳо расму оинҳои худро вобаста ба талаботи давру замон васеъ таҷлил мекарданд. 

 Маҳз бо таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба гиромидошт ва эҳёи ҷашнҳои миллӣ дар замони соҳибистиқлолии мамлакат Меҳргон аз нав бо тамоми шаҳоматаш эҳё ва ба қатори беҳтарин ҷашнҳои миллӣ ворид гардид ва ҳар сол дар сартосари кишвар бо тантана ҷашн гирифта мешавад.

 idi mehrgon 3

Имрӯз, ки мо дар остонаи таҷлили ин ҷашни пуршукуҳ қарор дорем, ҳамаи шумо ҳозирин ва дар симои Шумо тамоми мардуми сарбаланд ва меҳнатқарини ноҳияро табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованд ба хонадони якояки кули мардуми тоҷик саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда ва дастархони пур аз файзу баракат ва фаровонии ҳосилро хоҳонам.

 Ҷашни Меҳргон қабл аз ҳама, Иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати инсонҳо ба якдигар, некию накӯкорӣ, тантанаи ранҷи кашидаи марди деҳқонон, ҷамъоварии ҳосили деҳқон, иди фаровонӣ ва рамзи дӯстиву рафоқат, ваҳдату ягонагӣ, меҳру садоқат мебошад.

 Ин ҷашн дар рӯзи 16-уми меҳр, ки он рӯзро низ рӯзи меҳр меноманд, баргузор мегардад, чунки дар солшумории ниёгони мо ҳар рӯз номи махсус дошт, ки 12-тои онҳо бо номи моҳҳо айнан якхела буданд ва ҳар гоҳ, ки онҳо бо ҳам мувофиқ меомаданд, аз тарафи мардум ҷашн гирифта мешуданд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ бошад, ин ҷашн бо номи Митракона ё Митра зикр шудааст, ки таърихӣ беш аз сеҳазорсола дорад. Меҳргон ҷашни кишоварзон буда, иди касбии олимони соҳа низ ба шумор меравад.

 Ҳозирингиромӣ!

Чӣ тавре, ки Сарвари давлат таъкид доштаанд, «Меҳргон ба монанди иди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракат ва хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд».

 Ба мақсади фарҳанги бойи ғанӣ доштани мардуми тоҷик, ки аз қадимулайён ҳамчун халқӣ бо замин сарукордошта, соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз ин сунат зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд.

 Ҷашни Меҳргон чун Наврӯз аз даврони бостон дар байни мардуми эронитабор ҷашни бузург дониста мешуд. Агар Наврӯз оғози баҳору соли нав ва эътидоли баҳори хуршед дар бурҷи Ҳамал бошад, Меҳргон оғози нимаи дуюми сол, таодули тирамоҳӣ ва ҷашни кишоварзон аст. Гузаштагони мо онро ҳамчун ҷашни шукӯҳманди ҳосилғундорӣ таҷлил мекарданд.

Мардум Ҷашни Меҳргонро бо нияте баргузор менамоянд, ки ҳамасола ҳосили деҳқононашон фаровон гардида, рӯзгорашон осудаю молу ҳолашон бегазанд бошад, хайру баракат аз хонадонашон канда нашавад ва Худои мутаол онҳоро аз балоҳо нигаҳ дорад.

 Бошад, ки ҷашни Меҳргон ба мардуми тоҷик файзу баракат ва фаровонӣ ато созад.

 Бори дигар ин ҷашни милливу қадимаамонро ба Шумо табрику таҳният намуда, хоҳони тансиҳативу хушрӯзии якояки Шумо ҳастам ва орзуи хонаободӣ ва осоиштагии Шуморо менамоям.

 Сарбаланду сарфароз бошед!   

 

 




Омори сомона

1175799
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
228
733
1593
1170502
12377
25133
1175799