Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз бо иштироки Сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВАКБ Авзалшоява М машғулияти идоравӣ баргузор гардид, ки дар он хизматчиёни давлатӣ иштирок намуданд.
Саравал, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ дастгоҳи раиси ноҳияи Дарвоз Зарипова М ба сухан баромада, вобаста ба ҳар ҳафта доир намудани машғулиятҳои идоравӣ дар байни хизматчиёни давлатӣ таъкид намуданд.
Сипас, барои гузаронидани машғулият сухан ба Сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВАКБ Авзалшоява М дода шуд, ки доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» баромад намуда, паҳлуҳои гуногуни Қонуни мазкурро ба саҳми хизматчиёни давлатӣ расониданд.