Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Баромади узви Маҷлиси миллии Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 09.09.2020

 

istikloliyt 1

Ҳозирини гиромӣ!

 

Ҳамдиёрони азиз!

 

Таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки  ҷашни муҳими давлатдории мо ба ҳисоб рафта, ҳамаи пешрафт ва шукуфоӣаз он сарчашма мегирад, ва имрӯз бо шукргузорӣ аз фазои тинҷиву амонӣ, сулҳу суббот,  онро таҷлил менамоем, аз самими қалб  табрику таҳният  гуфта, ба ҳар яки Шумо сиҳатмандӣ, хонаи обод, саломативу сарбаландӣ ва ба хотири ободии Тоҷикистони азиз   барори кору муваффақият орзу менамоям.

 

Истиқлолият рамзи баҳамоиву якдилӣ,  дӯстиву бародарӣ ва меҳру муҳаббати мардуми тоҷик нисбат ба якдигар аст, ки ба даст овардани ин неъмати бузург  нишона аз хиради азалии миллати соҳиб- тамаддуни тоҷик  мебошад.

 

Беҳтарин неъмате, ки инсониятро барои расидан ба ҳадафҳои арзишманд раҳнамун сохта, ҷавҳари ҳастии ӯро рушду такомул бахшида, дар шинохти воқеӣ пирӯз  мегардонад, ин истиқлолият аст. Маҳз, бо ҳамин сабаб миллатҳо дар тӯли таърих доимо талош мекунанд, ки ба ин неъмати бебаҳо ноил гашта, тақдири минбаъдаи  давлатдориро мустақилона муайян намоянд.

 

Мо имрӯз аз он ифтихор дорем,ки дар тулӣ 29 соли истиқлолият пойдевори давлатдории миллиамонро гузошта, барои таҳкими он бо заҳмати мардуми сарбаланди кишварамон корҳои бузургро ба анҷом расонида, имрӯз ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорем.

 

Мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки солҳои аввали истиқлолият кишвари азизи мо бар асари фитнаву дасисаи душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо ба зарбаи даҳшатноку ҳалокатборе гирифтор шуд.

 

Дар он айёми фоҷиабор аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба як воқеаи талхи рӯз табдил ёфта буд.

 

Дар хомӯш намудани оташи ҷанг ва пойдориву устувории  ваҳдату муттаҳидии миллати тоҷик ва таҳкиму устувор нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нақши Иҷлосияи таърихии 16- уми Шӯрои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бузург аст. Агар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ  шахси сулҳофару сулҳдӯст фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сари давлат  намеовард, барқарорсозии Итиқлолияти давлатӣ, осоишу озодии мардум, амният, ободии Ватан ва таъмини шароити арзанда барои сокинони имрӯз дар гумон буд.

 

Ҷаноби Олӣ ин нуқтаро чунин тавзеҳ доданд: «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гаҳворабудаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба суи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои  башарӣ ҳидоят намуд.»

 

Сарбаландиву хушбахтии мо дар он аст, ки тақдири имрӯзаву фардои ватанамон дар ихтиёри худамон мебошад ва ҳар фарди бо нангу номуси миллат ҳастии ҳаёти худро ба хотири озодиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ бахшида аст. Баъд аз барқарорсозии пояҳои истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади барқарорсозии иқтисодиёти фалаҷгашта як қатор қарору фармонҳо, барномаҳои давлатӣ ва консепсияву стратегияҳои миллӣ қабул гардиданд, ки барои таҳким намудани соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ  равон гардида буд.

 

Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат тайи 29 соли соҳибистиқлолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 81 фоиз то 11,2 фоиз коҳиш ёфтаст.

 

Ҳоло бо шарофати хизмати халқи азизамон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи стратегии миллии мо- таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноаткунонии мамлакат дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ба пешравиҳои назаррас ноил шуда истодаанд, ки ҳамаи ин самараи истиқлолияти давлатии Ватани азизамон мебошад.

 

Дӯстони азиз!

 

Таърихи инсоният исбот намудааст, ки истиқлоляту озодӣ кори басо душвору сангин  мебошад.  Аз ин рӯ, ҳар як шахси бонангу номуси мамлакат бояд ба қадри ин неъмати бузург расида, барои ҳимояи ин дастоварди муқаддаси таърихӣ ҳамеша омода бошад.

 

Раванди бисёр мураккабу пурпечутоби ҷаҳонишавӣ ва таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи замони муосир моро ҳушдор медиҳад, ки нисбат ба ҳар як вақти дигар ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва давлати соҳибистиқлоли худро аз таъсири тазодҳои ҷаҳони имрӯза эмин нигоҳ дошта, ба хотири фардои ободу осуда саъю талоши бештар кунем.

 

Имрӯз мо 29-сол аст, ки  дар масири давлатсозӣ гом мебардорему дар оғӯши Ватани зебову маҳбуби худ аз шаҳди Истиқлолият ком ширин мекунем.  Ҳамин ҳисси баланди масъулият моро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон ба тамоми ҳастӣ талош варзем, содиқонаву  софдилона ва аз таҳти дил заҳмат кашида, дар ҳифзи манфиятҳои миллӣ ва давлатӣ зираку ҳушёр бошем, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор адо намоем.

 

istikloliyt 2

Ҳамдиёрони азиз!

 

Истиқлолияи давлатӣ, ғамхорӣ дар ҳақи мардуми кишвар, боло бурдани сатҳи зиндагии онҳо, ҳаёти осудаву саодатмандонаи ҳар хонадони мамлакат мақсаду маром ва ҳадафи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо бояд тамоми чораву тадбирҳоро амалӣ созем, то ки ҳар як сокини кишвар аз самараву неъмати истиқлолият баҳравар гарданд.Истиқлолият  барои мо муқаддасоти миллиро эҳдо намуд, ки ин Нишон, Парчам ва Сурруди Миллӣ мебошанд.

 

Дӯстони  гиромӣ!

 

Мардуми шарифи Дарвоз хуб дарк мекунанд, ки истиқлолият ва озодӣ  арзиши бисёр  муқаддас аст. 

 

   Ноҳияи Дарвоз дар муддати 29- соли Истиқлолияти давлатӣ дигаргуниҳои куллиро аз сар гузаронида, бинову иншоотҳои наву замонавӣ, коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ, боғҳои фарҳангиву-фароғатӣ ва гулгашту гулзорҳо қомат афрохта, тантанаҳои  идонаи бонуфузи миллатро бо дастоварди хуби меҳнатӣ, чун армуғон  пешвоз мегирад.

 

Зери парчами истиқлолияти давлатӣдар ноҳияи Дарвоз низ чун дигар минтақаҳои кишвар бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии соҳибкорони бо нангу номуси диёр корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром пеш бурда истодаанд.

 

Таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати  мамлакат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳама сола ба ноҳияи Дарвоз сафарҳои корӣ анҷом медиҳад. Сафари  навбатии Пешвои миллат ки санаи 19-уми августи соли равон баргузор гардид, шаҳодати гуфтаҳои болост. Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Дарвоз Пешвои миллат аз вазъи зиндагӣ ва ҳолу аҳволи мардум огоҳӣ пайдо намуда, иншотҳои фарҳангию саноатиро ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси миллӣ- Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи соҳибкорони ноҳия  сохта шудаанд, мавриди истифода қарор доданд. Дар рафти ба истифода додани чунин иншоотҳо садҳо нафар сокинон ноҳия соҳиби ҷойҳои корӣ ва маоши хуб  гардидаанд. Инчунин, баъди боздид ва ба истифода супурдани иншоотҳои ҷашнӣ Сарвари давлат дар мавзеъи хуштарзу зебои диёр бо фаъолону сокинони касбу кори ноҳия   суҳбату мулоқоти самисона анҷом доданд.    Дар раванди  омодагӣ ба ҷашни 30- солгаии Истиқлоляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома доранд.

 

Бори дигар тамоми ҳамватанони азизро бо ҷашни бошӯкуҳи сарзамини азизамон- Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ  самимона табрик намуда, саломативу сарбаландӣ, хонаи обод ва барору комёбӣ орзу менмояам.

 

Пояндаву ҷовидон бод Истиқлолияти давлатӣ!

 




Омори сомона

1520531
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
610
1050
4562
1504499
3011
30776
1520531