Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Баромади узви Маҷлиси миллии Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон ба муносибати Иди саиди Қурбон

 

Abdurahmonzoda S S

 

Ҳамдиёрониазиз!

 

Иди саиди Қурбонро, ки яке аз идҳои муқаддасва азизу муътабар барои мардуми мусалмон аст, ба тамоми сокинони ноҳия табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол барои хонадони ҳар як сокини ноҳия ва мардуми шарифи Тоҷикистон осоишу тандурустӣ, хушҳолии рӯзгор, дастурхони пур нозу неъмат, барори кору комёбиҳои беназир ва ба Тоҷикистони азиз сулҳу ваҳдати комил ва пешравию шукуфоиро таманно менамоям.

 

Дини мубини Ислом, яке аз динҳое мебошад, ки инсонро ба роҳи рост, раҳму шафқат, кӯмаку ғамхорӣ ба ятимону маъюбон, беморону шахсони барҷомонда ва оилаҳои камбизоат ҳидоят намуда, оиляву иҷрои онҳо дар таълимоти дини мубини Ислом аъмоли хайру савоб шуморида мешавад.

 

Дустони азиз!

 

Арзишҳои исломӣ дар тӯли таърих ҳамчун сарчашмаи мусаффои ахлоқи ҳамида ва василаи таъсирбахши тарбияи инсони комил дарки худшиносии миллӣ ва дарки ҳуввияти инсонӣ хизмат кардааст. Дар таърихи тамаддуни башарӣ дин ҳамчун муҳимтарин манбаъи ахлоқ ва маънавиёт ба мардум хизмат кардааст.

 

Аз ҷумла Иди Қурбон фазилатҳои хоси худро дорад. Шакли зоҳирии қурбонӣ кардан ин забҳи чорво ва тановули он аст, ки арзиши камтареро доросит. Аммо Ҷавҳари асосии он саховатмандию парҳезгорӣ аст.

 

Чунончи, Худованд дар сураи Ҳаҷ ояти 28 фармудааст: «Пас бихӯр аз гӯшти қурбонӣ ва ба дарвешон ва бенавоён бихуронед». Аз ин оят бар меояд, ки мо бояд дар ин рӯзи саид ба бенавоёну бечорагон дасти кӯмак дароз кунем. Инчунин, дар сураи 22 ояти 37-и Қуръони Маҷид омадааст: «гушти хун ба Худо намерасад, он чи ба Ӯ мерасад ин парҳезгории Шумост». Худованд дар ин оят возеҳ мефармояд, мақсад аз қурбонӣ ин парҳезгорист.

 

Ҳадаф ин аст, ки қурбоникунанда ба ғайр аз қурбонии гусфанду гов бояд нафси худро, ки раҳнамункунанда ба бадиву фасоду дигар аъмоли разила аст, қурбон кунанд.

 

Дустони азиз!

 

Имсол мардуми сайёра Иди саиди Қурбонро дар шароити паҳншавии бемории сироятии Коронавирус (COVID-19), ки тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ зиёда аз 17 миллион одамонро сироят намуда, ҷони қариб 600 ҳазор одамонро фаро гирифтааст, ҷашн мегиранд.

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ҳанӯз аз рӯзҳои аввали пайдоиши ин беморӣ тамоми чораҳои заруриро рӯи даст гирифт, вале, мутаасифона бо вуҷуди ҳамаи тадбирҳои андешидашуда ин беморӣ дар ноҳияи мо низ пайдо гардид. Хушбахтона, бо заҳмату талошҳо кормандони соҳаи тибби ноҳия то имрӯз ягон нафар сокини ноҳия аз ин бемори вафот накардааст.

 

Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳама табибон ва кормандони соҳаи тиббӣ ноҳия, ки дар чунин рӯзҳои сахту душвор шабонарӯзӣ заҳмат кашида, ҷони худро барои солимии сокинони ноҳия дар хатар гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ баён менамоям.

 

Ҳамдиёрони азиз!

 

Дар буҳрони иқтисодие, ки дар натиҷаи пайдоиши бемории сироятии Коронавирус (COVID-19) тамоми ҷаҳонро имрӯз фаро гирифтааст ва дар натиҷа чандин ширкату корхонаҳои азими дунё муфлис гардидаанд, мо бояд дар ин рӯз аз сарфаву сариштакорӣ кор гирифта, ба харҷи беҳудаву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва маблағҳои ба як азобу машаққати зиёд ҷамкардаамонро барои ояндаи фарзандонамон пасандоз намуда, онҳоро дар руҳияи хештаншиносӣ, зиндагии осуда ба ояндаи нек ҳидоят намоем.

 

Дини мубини Ислом, ҳеҷ гоҳ исрофу исрофкориро напазируфта, мардумро ба сарфаву сариштакорӣ талқин менамояд ва инсони исрофкорро ҳеҷ гоҳ қабул надорад.

 

Дар охир бори дигар Иди саиди Қурбонро ба тамоми мардуми сарбаланди Дарвоз таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, бахту саодат, барори кор ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзӯ менамоям.

 

 

 




Омори сомона

420563
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
1191
685
1876
411942
10440
26209
420563