Иҷлосияи дуюм (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия санаи 29-07-2020 бо даъвати 34 нафар вакилони халқии ноҳияи Дарвоз дар бинои маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир гардид.
Дар кори иҷлосия мудирон ва кормандони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раис, МИҲД, сардорони идораю муассисаҳо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисон ва роҳбарони мақомотҳои худфаъолиятии ҷамъиятӣ, директорони муассисаҳои таълимии асосӣ ва миёна иштирок доштанд.
Иҷлосияро раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия – Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон ифтитоҳ намуданд.
Аз рӯи масъалаи якум «Дар бораи тасдиқи Нақшаи Стратегии таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» Мирзозода Зарина – муовини раиси ноҳия баромад намуда, Қосимов Рустамшо – вакил аз ҳавзаи интихоботии Сайидон, №27, Ғуломҷонов Азизҷон – вакил аз ҳавзаи интихоботии Ёгед, № 6 ва Вазирова Сумангул - вакил аз ҳавзаи интихоботии Кеврон 1, №21 вобаста ба масъалаи дар боло зикргардида дархосту пешниҳодҳоро дар доираи ваколатҳои вакилии худ пешниҳод намуданд.
Сипас, аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия Шохуҷаев Рухшед Эмомхуҷаевич - вакил аз ҳавзаи интихоботии Қалъаиҳусейн, №32 «Дар бораи иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва вакилӣ», аз рӯи масъалаи сеюм Мирзозода Зарина – муовини раиси ноҳия «Оид ба номгузорӣ намудани кӯчаи собиқ 8-март ба номи Каромов Довутӣ ва номгузории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 деҳаи Жак ба номи Исломов Садриддин» баромад намуд.
Дар охири иҷлосия вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз аз тарафи тамоми вакилон ҳамовозӣ пайдо намуданд.