Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Баргузории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ

 SHuroi ha

 

Дар таърихи 23-юми июли 2020 сол ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Дарвоз таҳти раёсати Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ – Прокурори ноҳияи Дарвоз Ҳақназарзода Бахтиёр Ҳақназар баргузор гардид.

Дар кори Шӯро аъзоён, кормандони дастгоҳи раис, МИҲД-и  ноҳия, сардорони идораю муассисаҳо ва директорони муассисаҳои таълимии калонтарин иштирок намуданд.

 Дар Шӯро масъалаи ҳолати иҷро ва риоя гаштани қонунгузории амаликунанда дар бораи самаранок ва оқилона истифода бурдани замин дар ҳудуди ноҳия, инчунин таҷрибаи тафтишоти судии парвандаҳои ҷиноятии марбут ба қонунвайронкуниҳои замин дар давоми солҳои 2017-2019 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 Сараввал Прокурори ноҳияи Дарвоз Ҳақназарзода Бахтиёри Ҳақназар вобаста ба масъала маълумот дода қайд намуд, ки риояи талаботи замин дар ноҳия беҳбудиро тақозо дорад. Ӯ, инчунин роҷеъ ба ҳуқуқвайронкуниҳои ҷойдошта дар ин самт суханронӣ намуд.

 SHuroi h

Дар муҳокимаи масъала баромади муовини якуми раиси ноҳия - сарпарасти соҳа Давлатзод Ҳ. А., иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи идораи замин Муҳаббатов Ш., директории КДФ БММҒ Қурбонов Б. ва мудири бахши меморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Муҳамадизода Р. оид ба корҳои анҷомдода дар ин самт шунида шуд.

 Сипас, Раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода С.С низ ба сухан баромада, доир ба масъалаи рӯзномаи маҷлис андешаронӣ намуд ва изҳори нигаронии хешро пеш аз ҳама дар набудани кадрҳои ихтисосманд дар соҳаи замин арзёби кард.

 Дар охир Шӯрои ҳамоҳангсозӣ вобаста ба масъалаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

  Котиби масъули Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия,

ёрдамчии прокурори ноҳияи Дарвоз Ҷовиди А

 

 

 

 

 

 

 




Омори сомона

1177166
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
1095
500
2960
1170502
13744
25133
1177166