Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Ҳамоиши миллии сайёҳӣ таҳти унвони «Ваҳдат омили рушди сайёҳӣ» дар ноҳияи Дарвоз

sayhi 1

Рӯзи 24.06.2020 дар бинои шуъбаи маорифи ноҳия вохӯрии муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло бо иштироки сардорони идораю муассисаҳо, соҳибкорон ва ҷавонони фаъол доир гардид.

Вохӯриро муовини аввали раиси ноҳия Давлатзод Ҳаким кушода, қудуми мубораки меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, суханро ба муовини аввали раиси Кумитаи  рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло  доданд.     

Амирбекзода Ҳабибулло - муовини аввали раиси Кумитаи  рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хамаи иштирокчиёни ҳамоиши мазкурро ба муносибати 23-юмин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику таҳният намуданд.

Ӯ ба масъалаи паҳншавӣ ва пешгирии бемории сироятии Коронавирус (COVID-19) таваҷҷуҳи хосса намуда, ҳамаи иштирокчиёнро барои дастгирӣ ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид  пешгирӣ ва паҳншавии ин бемории сироятӣ  даъват намуданд. Дар баробари ин аз тарафи Кумитаи  рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи иштирокчиёни ниқобҳои тиббӣ тақдим карда шуд.

Дар суханронии хеш қайд намуданд, ки мақсад аз баргузории Конференсия ин муайян намудани минтақаҳои сайёҳӣ ва  фароҳам овардани шароити мусоид ва рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла: марказҳои хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳо, ҷойҳои таърихӣ, мавзеъҳои таърихӣ ва пайдо намудани шароити мусоид ҷиҳати ворид гардидани сайёҳони дохилву хориҷӣ дар ноҳияи Дарвоз мебошад.

sayhi 2

Баъдан мудири бахши фарҳанги ноҳия Риёзода Шодӣ ба сухан баромада, оиди чойҳои таърихӣ, мавзеъҳои таърихӣ ва рушди инфрасохтораҳои соҳаи сайёҳии ноҳияи Дарвоз; шаҳраки «Карон», истироҳатгоҳи «Чорчаман»  ва оромгоҳи «Хоҷафатҳуллоҳи Сармасти ишқ» ва ғайраҳо баромад намуданд.

Дар охири муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло аз иштирокчиён даъват ба амал оварданд, ки пешниҳоду дархостҳоро вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳияи Дарвоз мувофиқи имкониятҳо дастгирӣ хоҳанд кард.




Омори сомона

1173855
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
286
386
3353
1167948
10433
25133
1173855