Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Баромади узви Маҷлиси миллии Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон ба муносибати 23- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

vahdati milli 27

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамдиёрони азиз!

Ҷашни  фархундаи миллиро ба ҳамаи Шумо ва дар симои  Шумо ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон табрик гуфта, таманно дорам, ки хуршеди сулҳу ваҳдат ва дӯстиву бародарӣ дар фазои Тоҷикистони ободу зебо, озоду соҳибистиқлол ҳамеша нурафшон бошад.

Расо 23 сол муқаддам 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскваи Федератсияи Русия Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ миёни роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифини тоҷик ба имзо расид, ки он ба таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ заминаи боэътимод гузошт. Ин санна барои халқи азизи мо бисёр муҳим мебошад, зеро он давлати ҷавону соҳибистиқлоли тоҷиконро аз хатари нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳо намуда, ба раванди барқарорсозии харобиҳои ҷанги дохилӣ ва созандагии Ватани маҳбубамон ибтидо гузошт.

Сулҳи тоҷиконро Пешвои миллат  таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи қаҳрамони миллати тоҷик номид. Халқи тоҷик бошад, бо нишонаи арҷгузорӣ аз ҷонбозиҳо ва малакаи дурбинии меъмори асосии сулҳ- Ҷаноби Олиро ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадр кард. Бешак, сулҳи тоҷикон дар таърих бесобиқа буда, мавриди омӯзиши созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва сиёсатмадорони дохиливу хориҷӣ гардид ва барои истифода ба  мамолики дигари ҷангзадаву ноором тавсия дода шуд.

Дар ин давом миллати куҳанбунёду фарҳангофари тоҷик  ба зиндагии осоишта баргашт ва корҳои ободкорию бунёдкориро пешаи худ қарор дод .

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ таъкид карданд, ки: «Мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллати куҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин рӯ, ҳар як фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими ваҳдати миллиро  рисолати шаҳрвандию  қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад».

  Пешвои миллат новобаста аз сину соли ҷавони худ чун сиёсатмадори барҷаста сулҳи тоҷиконро тавре тарҳрезӣ намуданд, ки дар дунё ҳамто надорад. Ҳақиқатан ҳам рӯзҳои аввалини давлатдории навини мо таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон аз паёми сулҳ оғоз гардида, ин сиёсат ба хотири оромиву осоиштагии кишварамон, хушбахтӣ ва сарбаландии халқи азизамон то ба имрӯз идома дорад

Коми мо аз ин меваи шаҳдомези ин дарахт- ваҳдат ширин гаштааст ва мо албатта кӯшиш менамоем, ки ин дарахти ваҳдат сарсабзу шукуфон бимонад ва ояндагон низ вазифадоранд онро аз боду хазони рӯзгор муҳофизат намоянд.

Қимату моҳияти ин гуфтаҳоро насли калонсолу миёнасол, ки шоҳиду иштирокчии бевоситаи рӯйдодҳои солҳои 40-45-ум  ва солҳои 90-уми асри гузашта дар кишварамон буданд, хеле хуб дарк менамоянд, чунки онҳо бе ягон таҳлили илмӣ, худашон бевосита эҳсос намуданд, ки новобаста аз шакли сиёсии давлатдорӣ, ҷангу ҷидол, харобӣ ва сулҳу осоиш, осудагиву ободӣ меоварад.

Дар гузаштаи начандон дур мардуми тоҷик оқибатҳои харобиовари ҷанги шаҳрвандию бесомониҳои солҳои 90-умро бо чашми хеш диданд ва ба қадру манзалати мафҳуми «сулҳ», «ваҳдат мерасанд» ва оқибатҳои харобиовари «ҷангро» ба хуби дарк менамоянд.

Дӯстони азиз!

Барои мо 23- соли Ваҳдат муддати тӯлонӣ нест, аммо он аз ин хотир басо муҳим аст, ки мо қадри ваҳдату ҳамдилӣ, тинҷиву осудагӣ, иттиҳоду дӯстиро дарк кардем.Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки дар вазъи ногувори ҷаҳон, ки тақсимоти замин ва бархурдӣ тамаддунҳо сурат гирифта истодааст, хатари нестшавии баъзе аз давлатҳоро дар пай дорад, тенҷиву оромии Ватани азизамонро ҳамчун гавҳраки чашм аз дилу нияти бадхоҳон эмин дорем.

Имрӯз ҷавонони зодаи истиқлолият хуб дарк намоянд, ки ваҳдат, сулҳу оромии кишвари азизамон ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои расидан ба ин рӯзҳо фарзандони ба ору номус ҷони худро қурбони ин хоку замин намуданд ва  тавонистанд зиндагии орому осударо ба ояндагони худ ба мерос гузоранд.

Хушбахтона, бо шарофати истиқлолият ва барқароршавии сулҳу ваҳдат дар ҷумҳуриамон, махсусун ноҳия Дарвоз  барои рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ шароиту мусоид фароҳам омад.

Дар фарҷом, ҳамдиёрони азиз, ҳар яки Шуморо бо фарорасии ин ҷашни мӯътабару бузург - Ваҳдати миллӣ сидқан ва бо каломи эҳтиромтабрику муборакбод гуфта, хоҳони саломатӣ, файзу баракат ва дастархони пур нозу неъмати хонадони якояки Шумоем.




Омори сомона

388368
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
104
499
1523
382875
4454
30934
388368