Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

ТОҶИКИСТОН – БЕҲТАР АЗ ҶОН

 

Дар боби якуми моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: ”Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”.

 

Дар ҳақиқат баъди соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ иқтисодиёту иҷтимоиёт ва дигар соҳаҳо рӯз то рӯз бештар рушд намудаю пеш рафта, рӯзгори мардуми кишвар низ беҳтар гардида истодааст.

 

Дар як муддати кӯтоҳ ҳадафҳои стратегии кишвар: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикӣ пурра таъмин гардида, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонӣ босуръат идома дошта, дар муддати наздиктарин ин ҳадафҳо низ пурра таъмин мегарданд.

 

Симои Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз рӯз то рӯз зеботар гардида, кишвари мо ба яке аз зеботарин ва ободтарин кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мубаддал гардидааст.

 

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ садҳо адад корхонаҳои бузурги саноатӣ ва иншоотҳои маишӣ бунёд гардида, ҳазорон километр шоҳроҳҳои ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бунёд шудааст. Ҳамчунин, ҳазорҳо адад муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ ва иншоотҳои гуногуни варзишию сайёҳӣ низ сохта шудаанд, ки ба боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангу маънавиёти ҷомеа ва солимии сокинони кишвар мусоидат менамояд.

 

Дар маҷмӯъ, ҳамаи ин пешравию муваффақиятҳо, ки самараи сулҳу Ваҳдат ва Истиқлолияти давлатӣ мебошанд, ба боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат менамоянд.

 

Мутаассифона, саркардагон ва хоҷагони ТТЭ ҲНИ бо фикру ақидаҳои носолим ва ѓалати худ мехоҳанд, дар байни сокинон, аз ҷумла ҷавонон тухми ҷудоӣ андозанд, бехабар аз он, ки халқи тоҷик, ки як маротиба солҳои навадуми асри 20 ба доми фиреби ин ҳизби ифротӣ афтода буд, дигар ҳеҷ гоҳ фиреби онҳоро намехӯрад.

 

Имрӯзҳо сокинони кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқатмандона меҳнат намуда, кишвари азизи хешро боз ҳам ободу зеботар намуда истодаанд. Зеро  Тоҷикистони азизамон бо тамоми муққадасоташ барои мо аз ҳамаи дигар арзишҳо болотар аст.

 

Чуноне ки шоир мефармояд:

 

 

Тоҷикистон, Тоҷикистон,

 

Тоҷикистон, ҷону ҷонон.

 

Тоҷикистон – беҳтар аз ҷон,

 

Беҳтар аз ҷонону ҷонон.

 

                                                                 

 

                                                   Ҷавонони ноҳияи Дарвоз:

 




Омори сомона

1175090
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
252
482
884
1170502
11668
25133
1175090