Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Мулоқот бо ҷавонони фаъоли ноҳия

javonon movin 1

Рӯзи 17.06.2020 дар бинои шуъбаи маорифи ноҳия вохӯрии муовини авали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ бо ҷавонони фаъол, волонтиёрон ва гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Вохӯриро муовини авали раиси ноҳия Давлатзод Ҳаким кушода, қудуми мубораки меҳмононро ба ноҳия хайрумақдам гуфта, суханро ба муовини авали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ доданд.     

Назарзода Ризо Шодӣ дар суханронии хеш қайд намуданд, ки мақсад аз баргузории мулоқот иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст. Мавсуф ба масъалаи паҳншавӣ ва пешгирии бемории сироятии Коронавирус ё худ (КОВИД-19) таваҷҷуҳ намуда, ҷавононро барои дастгирӣ дар корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирю паҳншавии ин бемории сироятӣ ва ҳарчи зудтар аз байн рафтани ин беморӣ даъват намуданд.

Ӯ аз ҷавонони ноҳияи Дарвоз барои сари вақт иҷро кардани нақшаи даъваб ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, таъкид намуд, ки тулии чанд соли охир аввалин шуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз нақшаи даъватро ҷавонони ноҳияи Дарвоз иҷро менамоянд. Барои аз бар намудани илмҳои муосир, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, нигаронӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ташкилотҳои ифротиву террористӣ аз ҷумлаи суханони эшон буданд.

javonon movin 3

Инчунин, дар рафти вохӯрӣ маблағи 5- моҳаи стипендияи Президентии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия Амирбеков Парвиз,  Анисаи Бахтиёр ва Олимов Бахтиёр, дар ҳузури ҳозирин супорида шуд.

Аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш 180 дона ниқоби бисёркаратаи тиббӣ ва маводи антисептикӣ барои тақсимот ба таври ройгон ба аҳолӣ туҳфа карда шуд.

Зимни сафар ба ноҳияи Дарвоз муовини авали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ аз Маркази бонувон «Меҳри модар» низ дидан намуда, бо ҷавондухтарони дар ин мавзеъ фаъолиятдошта мулоқот намуд. Масъулини Маркази бонувон «Меҳри модар» қайд намуданд, ки 30 000 ниқоби тиббӣ ба тамоми қаламрави ВМКБ ба таври ройгон тақсим намудааем ва таъкид нмуданд, ки ин корхонаи мазкур тавони баровардани либосҳои мактабиро барои тамоми муассисаҳои таълимии ВМКБ-ро доранд.

            javonon movin 2

Муовини авали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ, аз роҳбарияти Маркази бонувон ва соҳибкорони ватание, ки чунин шароитҳоро барои ҷавонон муҳайё месозанд, минатдории хешро байён намуанд.




Омори сомона

1521355
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
237
1197
5386
1504499
3835
30776
1521355