Имрӯз вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии бемориии сироятии коронавирус таҳти раёсати Раиси Ситод-раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон Ситоди корӣ гузаронида шуд.
Сараввал гузориши ди ректории КАТС-иноҳия Назаров Абдурасул оид ба вазъи имрӯза дар доираи пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ шунида шуд.
Ӯ қайд кард, ки ба ҳолати имрӯза бо ташхиси коронавирус ягон нафар ба қайд гирифта нашуда, дар беморхонаи марказӣ 1 нафар ва дар беморхонаи минтақавии Сағирдашт 3 нафар бо ташхиси илтиҳоби шуш ё плевмония бистарӣ шудаанд, ки ба ҳолати имрӯза ҳолаташон хуб арзёбӣ мегардад. Инчунин, қайд гардид, ки ба ҳолати имрӯза воридшавии одамон ба ноҳия зиёд дида мешавад ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони тандурустӣ бо ин нафарон хуб ба роҳ монда шудааст.
Ғайр аз ин, қайд карда шуд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои табибону беморон ба миқдорӣ зарурӣ маводҳои хӯрокворӣ ва доруворӣ кӯмак расонида шуд.
Баъд аз шунидани ахбороти директори КАТС Назаров А раиси Ситод Абдураҳмонзода С.С изҳори нигаронӣ аз риоя накардани талаботҳои зарурӣ дар доираи пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ изҳори нигаронӣ намуда, аз раисони ҷамоатҳои деҳот, иҷрокунандаи вазифаи сардори ШВКД дар нохия, аъзоёни гуруҳи корӣ хостгор шуд, ки сари масъала кор кунанд ва корҳои фаҳмондадиҳиро хуб ба роҳ монанд.
Дар охири ҷаласа раиси Ситод пешниҳоди аъзоёни Ситод ва иштирокчиёнро ба инобат гирифта, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳоро хоҳиш намуд.