Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Иқдоми хуби бахш дар Рӯзи оила

Ruzi oila 1

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст: «Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва хамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад».  

Имрӯз, дар Рӯзи байналмилалии оила тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳияи Дарвоз ба 3 сокини ноҳияи Дарвоз, ки дар оилаи онҳо тифлҳои навзод ба дунё омаданд, аз ҷониби муовини раиси ноҳия Мирзозода Зарина, мудири бахши САҲШ Амрихудозода Дилором ва мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди МИҲД Абдурозиқова Гулшан, туҳфаҳои хотиравӣ ва шаҳодатномаҳои таваллуд супорида шуд.

Волидайни тифлакони навзод аз чунин иқдоми хуби бахши Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ва МИҲД-и ноҳияи Дарвоз изҳори сипоси хешро баён намуданд.

Ruzi oila 2

Ruzi oila 3




Омори сомона

1517583
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
63
1551
1614
1504499
63
31315
1517583