Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Ситоди ноҳиявӣ баргузор гардид

sitod 2

Имрӯз таҳти раёсати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз  муҳтарам Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон ва бо иштироки муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Камолзода Мирҳомуддин Ситоди доимамалкунанда оид ба пешгирӣ аз паҳнашавии бемории коронавирус гузаронида шуд.

Инчунин, дар Ситод муовинони раис, роҳбари дастгоҳ, кормандони МИҲД-и ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомотҳои қудратӣ, директорони марказҳои тандурустӣ ва аъзоёни Ситод иштирок намуданд.

Нахуст сардухтури беморхонаи марказӣ Давлатшоев Иматшо ба сухан баромада, оиди вазъи имрӯза дар доираи пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ сухан намуд.

Ӯ қайд кард, ки ба ҳолати имрӯза бо ташхиси коронавирус ягон нафар ба қайд гирифта нашуда, дар беморхонаи марказӣ 2 нафар, дар беморхонаҳои минтақави Нулванд 2 нафар ва дар беморхонаи минтақавии Сағирдашт 1 нафар нафар бо ташхиси илтиҳоби шуш ё плевмония бистарӣ шудаанд, ки ба ҳолати имрӯза ҳолаташон хуб аст.

Сардухтури беморхона Давлатшоев И изҳори нигаронӣ аз воридшавии зиёди одамон ба ноҳия намуда, қайд кард, ки дар 1 шабонарӯз зиёда аз 100 нафар танҳо дар ноҳия маскун мегарданд, ки аз ҷониби кормандони тиббӣ  бо ҳар яки он дар алоҳидагӣ корбарӣ мешавад. Давлатшоев И, инчунин норасогии маводҳои дорувориро аз мушкилотҳои ҷойдоштаи имрӯза арзёбӣ намуд. Директори КАТС-и ноҳия Назаров А ва сардухтури МНДСЭ Мусофиров М низ вобаста ба мушкилотҳои ҷойдошта баромад намуданд.

sitod 1

Инчунин, дар Ситод аз ҷониби муовини якуми раиси ноҳия Давлатзод Ҳаким Алушӣ гузориш вобаста ба захираи маводҳои ғизоӣ ва рафти кишту кор шунида шуд.

Баъдан муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Камолзода Мирҳомуддин сухан карда, изҳори хушнудӣ аз ташкил ва кори Ситод доимамалкунанда  дар ноҳия намуд.

Қайд намуданд, ки имрӯз Ҳукумати кишвар баҳри пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории сироятӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодааст. Имрӯз танҳо моро зарур аст, ки дар байни мардум  бошем, бо онҳо кор кунем, дастгирӣ намоем.

Муовини вазир, инчунин қайд намуданд, ки тибқи мушоҳидаҳо ва таҳқиқотҳо 80-85% гирифторони беморӣ бо роҳи сабукӣ метавонанд бемориро пушти сар намоянд ва танҳо 5-7% одамон, ба хусус нафароне, ки аз ин пеш аз бемориҳои дил, шуш ва ғайра гирфтор буданд, осебпазиртаранд. Норсаогии кадрҳои тиббиро дар сатҳи ҷумҳурӣ аз мушкилотҳои ҷойдошта арзёбӣ намуд. Қамолзода Мирҳомиддин дар бораи кӯмаки доруворӣ, ки аз дигар кишварҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудааст, сухан намуда, қайд кард, ки албатта мардуми Дарвоз низ ба хубӣ аз ин кӯмакҳо бархӯрдор хоҳанд гашт.

Роҳбари Ситоди ноҳиявӣ -Раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон низ ибрози андеша намуда, изҳор доштанд, ки мо агар тавсияҳои табибонро иҷро накунем, гирифторшавиямон ба ин мушкилот дур нест. Роҳбари Ситод аз гаштугузори дастаҷамъонаи одамон, ба хусус ҷавонон дар маркази ноҳия ва деҳаҷой изҳори нигаронӣ намуда, аз раисони ҷамоатҳои деҳот, иҷрокунандаи вазифаи сардори ШВКД дар нохия, аъзоёни гуруҳи корӣ хостгор шуд, ки сари масъала кор кунанд ва корҳои фаҳмондадиҳиро аз пештара дида хубтар ба роҳ монанд.

Роҳбари Ситод аз сардухтури беморхонаи марказӣ, директорони КАТС ва МНДСЭ хосгор шуданд, ки дар доираи мушкилотҳои хеш дархост пешниҳод намоянд, то  МИҲД-и ноҳия тавониста бошад, дар доираи имкониятҳои худ онҳоро дастгирӣ  намоянд. Инчунин, аз ҷониби Роҳбари Ситод Абдураҳмонзода С.С  таъкид гардид, ки имрӯз нафароне, ки мехоҳанд баҳри пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ кӯмаки маблағии худро расонанд, тавассути суратҳисоби махсуси ҳолатҳои фавқулодда қабул карда мешаванд.

Дар фарҷом Ситоди ноҳиявӣ пешниҳоди зиёди аъзоёни Ситод ва иштирокчиёнро ба инобат гирифта, таъкид намуданд, ки баҳри бартараф намудани мушкилотҳои мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо чораҳои таъхирнопазир меандешанд.




Омори сомона

345878
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
1003
2265
4149
334821
26421
24426
345878