Идомаи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни ҳисоботи худ изҳор доштанд, ки соли 2024 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар ва дар ин замина баланд бардоштани некуаҳволии сокинони пойтахт, инчунин, ба марҳалаи нави рушд ворид намудани шаҳри Душанбе як қатор иқдомоти созанда амалӣ гардид.
Корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе дар ин давра ба маблағи 5,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд ва суръати рушд нисбат ба соли гузашта 25 фоиз афзоиш ёфт. Ҳаҷми содироти корхонаҳои шаҳр ба хориҷи кишвар ба беш аз 170 миллион сомонӣ расонида шуд.
Ба таъкиди Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, соли сипаришуда дар пойтахт 141 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо беш аз 7600 ҷойи кории нав ба фаъолият шуруъ намуд.
Соли 2024 дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии шаҳр аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо зиёда аз 43 ҳазор ва дар зарфи 8 соли охир беш аз 280 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд.
Гуфта шуд, ки дар 4 соли фаъолияти Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ барои амалисозии 62 лоиҳаи соҳибкорони истеҳсолӣ беш аз 302 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд ва бо истифода аз қарзҳои додашуда то имрӯз 60 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ бо таъсиси беш аз 2 ҳазор ҷойи нави корӣ бунёд ёфт.
Зикр гардид, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ 4 ҳазору 337 тадбир амалӣ гардида, беш аз 14 ҳазор ҷойи кории нав муҳайё карда мешавад.
То имрӯз 2 ҳазору 464 тадбир, аз ҷумла бунёди 37 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 21 муассисаи тандурустӣ, 56 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 44 километр роҳ, 9 иншооти варзиш, 5 меҳмонхона ва иншооти дигар бо таъсиси зиёда аз 8 ҳазор ҷойи нави корӣ амалӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки соли 2024 дар корхонаҳои барқу гармидиҳӣ 1,7 миллиард киловатт - соат неруи барқ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 31 фоиз зиёд мебошад. Барои эҳтиёҷоти шаҳр 4,2 миллиард киловат-соат неруи барқ истифода гардид, ки ин нишондиҳанда, нисбат ба соли гузашта 535 миллион киловатт-соат зиёд аст.
Маблағи умумии барқи истифодашуда 1,5 миллиард сомониро ташкил дода, ҷамъоварии маблағи он ба 96 фоизи нақша баробар гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба 6,1 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра сармоягузории мустақим ба иқтисодиёти шаҳр ба 1 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 320 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Соли 2024 беш аз 635 ҳазор метри мураббаъ ва дар ҳашт соли охир зиёда аз 3 миллион метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ва марказҳои савдову хизматрасонӣ ба истифода супорида шуд.
Соли сипаришуда барои иҷрои корҳои сохтмону лоиҳакашӣ 927 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардида, як қатор иншооту инфрасохтори соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва шабакаҳои муҳандисӣ ба таври замонавӣ тарҳрезӣ ва навсозӣ гардиданд.
Давоми соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар шаҳри Душанбе 32 километр роҳҳо ба маблағи 617 миллион сомонӣ сохтмону навсозӣ шуд.
Дар зарфи 8 соли охир дар пойтахт 192 километр роҳҳо ба маблағи беш аз 3 миллиард сомонӣ навсозӣ гардид.
Бо мақсади гузариш ба «иқтисоди сабз» соли 2024 30 электробус ба истифодаи сокинон қарор дода шуд ва харидории боз 60 электробус дар назар аст. Барои татбиқи консепсияи нақлиёти барқӣ якҷо бо ширкатҳои кироякаш ва соҳибкорон 4350 мошини барқӣ ворид гардида, парки нақлиётии ширкатҳои кироякаш пурра ба нақлиёти барқӣ гузаронида шуд.
Буҷети шаҳр дар соли 2024 ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ ё 11 фоиз барзиёд иҷро гардид, ки нисбат ба нақша 452 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Соли 2024 ба иқтисоди пойтахт 4,7 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардида, дар ҳашт соли охир ин рақам ба 30 миллиард сомонӣ расид.
Ҳоло дар пойтахт амалисозии 17 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 3,2 миллиард сомонӣ идома дорад, ки дар доираи онҳо то имрӯз корҳо дар ҳаҷми беш аз 2,3 миллиард сомонӣ анҷом дода шудааст.
“Масъалаҳои беҳтар намудани шароити муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим, сатҳи дониши хонандагон ва савияи касбии омӯзгорон таҳти ғамхориву дастгирии доимии роҳбарияти шаҳр қарор дорад”, иброз доштанд Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ.
Ба ин хотир соли 2024 дар шаҳри Душанбе 7 муассисаи таълимӣ бо 13 ҳазору 620 ҷойи нишаст ва 3 муассисаи томактабӣ барои беш аз 500 тарбиятгиранда сохта, ба истифода дода шуд.
Дар 8 соли охир, 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 96 700 ҷойи нишаст ва 25 муассисаи томактабӣ барои 4 ҳазору 800 тарбиятгиранда бунёд карда шуд.
Ҳоло дар шаҳр сохтмони боз 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 40 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст ва 60 муассисаи томактабӣ барои беш аз 12 ҳазор тарбиятгиранда бомаром идома дорад.
Гуфта шуд, ки соли 2025 дар пойтахт боз 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 13 ҳазору 520 ҷойи нишаст дар ду баст ва 9 муассисаи томактабӣ барои 2280 тарбиятгиранда бунёд карда мешавад.
Соли ҳисоботӣ муассисаҳои тиббии шаҳр дар доираи 12 барномаи давлатии соҳаи тандурустӣ ба маблағи 21 миллион сомонӣ бо таҷҳизоту дастгоҳҳои пешрафтаи тиббӣ таъмин гардид.
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии варзиш, дар ин давра, нахустин мусобиқаи байналмилалии Гран-слам оид ба гӯштини ҷудо, нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингирӣ, нахустин Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонони то 21-сола ва нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо иштироки варзишгарон аз 167 давлати дунё баргузор карда шуд.
Таъкид карда шуд, ки бо мақсади сабзу хуррамгардонии шаҳр соли сипаришуда беш аз 400 ҳазор бех дарахту буттаҳо ва 19 миллион бех гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида шуд.
Дар нақша аст, ки дар мавсими ниҳолшинонии зимистони соли 2024 ва баҳори соли 2025 тавассути ҳашари умумишаҳрӣ боз беш аз 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонда шавад.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар соли 2024 ҳисобот доданд.
Таъкид шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи буҷети маҳаллии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рӯи даромадҳои худӣ ба андозаи 107,9 фоиз иҷро шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ диққати зарурӣ дода шуда, 43 коргоҳи саноатӣ ба истифода дода шуд.
Дар вилояти Суғд бошад, тибқи нақша дар соли 2024 166 корхонаву коргоҳи нав бо 2060 ҷойи корӣ ба фаъолият шуруъ кард. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят ба 30 миллиард сомонӣ расонда шуд.
Дар вилояти Хатлон давоми соли 2024 155 иншоот ба истифода дода шуд, ки 58 адади он бо маблағи умумии 90 миллион сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст.
Гуфта шуд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 1663 иншоот сохта шуд, ки 134,1 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар барои густариш бахшидани раванди омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ, татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери назорат гирифтани раванди таълиму тарбияи насли наврас, баррасии саривақтии арзу шикоятҳои мардум, дастгирии соҳибкорӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва бештар намудани ҳаҷми содироти онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.