Идомаи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Доир ба фаъолияти мақомоти назоративу санҷишӣ дар самти пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бартарафсозии қонуншиканиҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва риояи ҳатмии қонунҳои амалкунандаи кишвар Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода ва раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода ҳисобот доданд.
Дар идомаи маҷлис Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода, Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, Раиси Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк Алиҷон Салимзода, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа оид ба рафти иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи рушди соҳаҳо ба Сарвари давлат гузориш доданд.
Зимни ҳисоботи вазири кишоварзӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ривоҷ додани бахши пахтакорӣ, ки яке аз манбаъҳои асосии таъмини ашёи хом барои саноати сабук ва ҷойҳои фаровони корӣ барои мардум аст, ба масъулони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ супоришҳои қатъӣ доданд.
Ҳамчунин супоришҳои мушаххас доир ба рушди соҳаи саноат, аз ҷумла иҷрои ҳадафҳои солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”, дигар барномаҳои давлатӣ, афзун намудани иқтидорҳои истеҳсоли неруи барқ ва кам кардани талафоти барқ дода шуд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи корҳо дар соли 2024 ҳамчунин ҳисоботи вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода шунида шуд.
Ба масъулини соҳаҳо супориш дода шуд, ки барои суръат бахшидани раванди рақамикунонии соҳаи нақлиёт, роҳандозии инфрасохтор барои нақлиёти барқӣ ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим, беҳдошти вазъи экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалаҳои марбут ба бахшҳо чораҳои бетаъхир андешанд.