Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Ёдбуди шоир, омӯзгори собиқадор ва сиёсатмадори варзида Абдураҳмон Сулаймонӣ баргузор гардид

sulaymoni
Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои МИҲД-и ноҳияи Дарвоз ва бо ташаббуси раиси ноҳия Умедҷон Носирзода дар толори калони МИҲД ёдбуди шоир, омӯзгори собиқадор ва сиёсатмадори варзида Абдураҳмон Сулаймонӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ раиси ноҳия, муовинони раис, кормандони дастгоҳ, сардорони идораю муассисаҳо, хонандагону омӯзгорон, шоирони ҳавзаи Дарвоз ва дӯсторони ашъори шоир иштирок намуданд.
Нахуст, раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода У.С. баромад намуда, қайд кард, ки устод А.Сулаймонӣ аз зумраи он шахсиятҳои шинохтаи диёри Дарвоз буд, ки тавонистааст бо мероси гаронбаҳои худ номашро абадӣ дар саҳфаи таърихи диёр сабт намояд.
Баъдан, Раҳматҷони Давлатҷон, Моҳиҷаҳон Намакова, Нурмуҳаммад Буров ва Талабшои Акобир ба сухан баромада, аз лаҳзаҳои хотирмон ва шеърҳои эҷоднамуда дар васфи А.Сулаймонӣ нақлу қироат намуданд.
Хониши шеърҳо аз эҷодиёти шоир ва барномаи консертии тайёрнамудаи бахши фарҳанг ба барномаи адаби-фарҳангӣ бахшида ба ёдбуди шоир А.Сулаймонӣ ҳусни тоза зам намуданд.
slaymoni 04

 



Омори сомона

1604834
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
328
1167
3662
1593358
19145
34026
1604834