Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Вохӯрии Раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон бо муаллимон ва волидайни хонандагони синфҳои 8,9,10,11-и Гимназияи рақами 1-и ба номи Олими Кабир

gimnazy 2
Рӯзи 29-январи соли равон вохӯрии Раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон бо муаллимон ва волидайни хонандагони синфҳои 8,9,10,11-и Гимназияи рақами 1-и ба номи Олими Кабир барои хонандагони болаёқат баргузор карда шуд.
Сараввал, Гулрухонов Фарид- муовини директор оид ба таълим баромад намуда, нисбати таҳсили чоряки II-юми хонандагони Гимназияи мазкур гузориш доданд.
Баъд аз шунидани гузориши муовини директор, Раиси ноҳия ба сухан баромада, аз натиҷаи таҳсили хонандагон изҳори нигаронӣ намуданд ва аз муаллимон ва падару модари хонандагон барои ислоҳи камбудию норасогиҳо дастур дода, даъват намуданд, ки аз рафти таълиму тарбия, сатҳи хониши хонандагон, иштироки онҳо дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, олипиадаҳои фаннӣ ва иштироки ҳамарӯзаи онҳо дар дарсҳо бетараф набошанд.
Раиси ноҳия аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва дасгириҳои ҳаматарафа дар ин соҳа, инчунин роҳандозии озмунҳои зиёди сатҳи ҷумҳуриявӣ ибрози андеша намуданд.
gimnazy 1
Дар ин росто таъкид намуданд, ки мо бояд аз ин дастгириҳоро шукргузор бошем.
Дар охир роҳбарияти ноҳия барои ташкил кардани курсҳои иловагӣ, аз чумла вобаста ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба муаллимон ва падару модарони хонандагони дастур доданд.

 



Омори сомона

1398956
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
15
1047
8598
1385427
22100
27350
1398956