Вохӯрии нозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ба кормандони Ҷамоати деҳоти Сағирдашт

Тибқи нақшаи кории Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар толори Ҷамоати деҳоти Сағирдашт вохӯрии Назруллозода Беҳрӯз-нозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ба кормандони Ҷамоати деҳоти Сағирдашт, директорони муассисаҳои таълимии қаламрави ҷамоат, фаъолон ва сокинони касбу кори гуногун вобаста ба амалӣ намудани Стротегияи миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030" дар марҳилаи аввал барои солҳои 2021-2025, инчунин оиди иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият дар тарбияи кӯдак" ва "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", масъалаи мубориза бар зидди терроризм, экстромизм, ифротгароӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, арҷгузорӣ ба урфу одатҳои миллӣ ва ғайра андешаронӣ карда шуд.
Ҳамзамон, ӯ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади сарфакоронаю самаранок истифода намудани қувваи барқ, инчунин ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодабарии дурусти нерӯи барқ андешаронӣ намуданд.