Вохӯрии намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи нақшаи кории Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз вохӯрии Назруллозода Беҳрӯз -нозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ба кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сардорони идораю муассисаҳо, фаъолон ва сокинони касбу кори гуногун вобаста ба нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар" ва Стротегияи миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030" ва дар марҳилаи аввал барои солҳои 2021-2025 баргузор карда шуд.
Дар вохӯрӣ, инчунин муовини якуми раиси ноҳия Қосимӣ Диловар иштирок ва суханронӣ намуданд.