Вохурии гурӯҳи кории МИҲД- ноҳия бо усули "Деҳа ба деҳа" бо сокинони деҳаи Паткуноби Ҷамоати деҳоти Қалъаихум

Тибқи нақша - чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мудири бахши дин, танзими ҷашну маросими МИҲД-и ноҳия Ташрифов Х, мудири бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Аброров С, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти КИ ҲХДТ Амирҷонзода М, намояндаи комиссариати ҳарбии ноҳия Бурҳонов У ва сармутахассиси дин, танзими ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Қалъаихум Суфиев А бо сокинони деҳаи Паткуноби Ҷамоати деҳоти Қалъаихум вохурӣ доир карда шуд.
Зимни вохурӣ баромадкунандагон вобаста ба нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуданд. Масъулин дар баромади худ дастоварду пешравиҳои соли сипаригардидаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ҳозиринро вобаста ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстромистӣ, пешгирии фарҳанги бегона, ҳифзи арзишҳои миллӣ, даъвати ҷавононписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳаи илму маориф, тарбия намудани фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ худшиносии миллӣ, дӯст доштани Ватан, тозаву озода намудани маҳали аҳолинишин, риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар масъалаҳои рӯзмара баромад намуданд.
Дар баробари ин, аз ҳар сокини ташаббускор даъват ба амал оварда шуд, ки дар самти сиёсати созандаву бунёдкорона ва пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат устувор бошанд ва баҳри рушду нумӯи ватани азизамон саҳмгузорӣ кунанд.