Вохӯрӣ бо соҳибкорони ноҳияи Дарвоз

Рӯзи 21-уми январи соли 2025 раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон бо соҳибкорони ноҳияи Дарвоз вохӯрӣ намуданд. Зимни вохурӣ раиси ноҳия зикр намуданд, ки дар ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои ғайринақдӣ гузаштани фаъолияти соҳибкорон хеле муҳим мебошад. Дар ин хусус, раиси ноҳия аз соҳибкорон даъват намуданд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқ бошанду сари вақт супоришҳои роҳбари давлатро сармашқи кори ҳаррӯзаи хеш қарор диҳанд.
Дар охир ба саволу дархостҳои соҳибкорон ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда дода шуд.