Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Вақте рӯбоҳ худро шер медонад Ё чанд андеша дар бораи наҳзатиҳои ифротӣ

Ҷаҳониён миллати тоҷик ва тоҷикистониёнро ҳамчун мардуми соҳибтамаддуну дорои Ватани обод ва зебо мешиносанд. Чанд нафаре, ки бо маблағгузории хориҷиён ба корҳои иғвою дасисаангезӣ машғуланд, ҳатто фикр намекунанд, ки касе ба онҳо ҳуқуқи муаррифии тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ надодааст.

Ин гумроҳшудагон, ки ҳархел кумитаю созмонҳо таъсис медиҳанд, бехабар аз онанд, ки мардуми равшанфикри олам аз дастовардҳои халқи Тоҷикистон бо сарварии роҳбарияти олии кишвар огоҳанд. Дар ҷамъият ҳаргуна падидаҳое мавҷуд мебошанд, ки тибқи салоҳияти худ мақомоти гуногун онҳоро ҳаллу фасл менамоянд. Дар маҳбас будани ҷинояткороне мисли Зайд Саидов, муовини раҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳаммадалӣ Ҳаит ва вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров бо қарори суд ба амал омадааст ва мебояд аз ҳуқуқдонон аз ин масъала пурсид. Ҳеҷ нафаре наметавонад нисбати қарори суд бидуни мақомоти алоҳида эрод баён намояд.

Нафарони нобакоре амсоли наҳзатиҳои террорист, мехоҳанд, ки дар ҷумҳурии Федералии Олмон гирдиҳамоӣ барпо намоянд ва ҳатто намефаҳманд, ки ин амал ба шаъну эътибори миллати сулҳофари тоҷик доғест. Ҳамин нафарон буданд, ки ҳангоми дар вазифа будани Зайд Саидов ӯро ҳамчун ғоратгар ва ҳокими мутлақ фикрронӣ намуда, пешниҳод доштанд, ки аз вазифа барканор шавад. Аммо, бо кадом сабабе имрӯз аз озодии ӯ пайгирӣ менамоянд. Воқеаи баргузидаи дар маҳбасхонаи 3/3-и шаҳри Хуҷандро мақомотҳои салоҳиятнок тафтиш карда истодаанд ва дар анҷоми тафтиш натиҷаи онро ба мардум мефаҳмонанд ва ин масъаларо баҳсе нест.

Танҳо шахсони ватангадову беимон аз кишварҳои дигар талаб мекунанд, ки аз расонидани кӯмакҳои иқтисодӣ ва молиявӣ ба Тоҷикистон – Ватани аҷдодиашон худдорӣ намоянд. Нафарони гумроҳу беандешаи нобакор даъво мекунанд, ки кӯмакҳои молиявии давлатҳои дӯст барои саркӯбии озодандешон сарф мешавад. Нодида мегиранд, ки давоми даврони Истиқлолият Тоҷикистон аз давлати қафомондаи харобазор ба мамлакати ободу осуда ва пешрафтаи иқтисодӣ ноил гаштааст. Ин иғвогарону дасисабозонро намефорад, ки дастовардҳои миллату давлати муқаддасамонро воқеъиёна баҳо диҳанд ё худ сарпарастони хориҷии онҳо барои фаҳмиши ин дастовардҳо онҳоро ҳидоят накардаанд?!!

Мардуми шарифи кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон имрӯз ва дар оянда низ сиёсати пешгирифтаи дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро комилан дастгирӣ менамоянд ва ҳамеша омода ҳастанд, ки нисбати нафарони иғвокору дасисабоз муқобилияти ҷиддии сазовор нишон диҳанд

 

Асад Аҳлиддинов , таҳлилгар



Омори сомона

1321761
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
384
476
2702
1315378
11721
23181
1321761