Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Ваҳдати миллӣ! меҳвари асосии ободонӣ ва созандагӣ

safarov m
Ваҳдати миллӣ барои мо тоҷикон падидаи нодир ва пурарзиши таърихӣ ва самараи ҷаҳду талошҳои фарзона фарзандони баору номуси миллат ниҳоят арзишманду таърихӣ маҳсуб меёбад, ки дар натиҷа он ҳамасола дар фазои тинҷву оромӣ ва иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ сокинони Ватани азизамон бо як шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Пош хӯрдани давлати абарқудрати ҷаҳонӣ Иттиҳоди Шӯравӣ боиси он гардид, ки ҷумҳуриҳои он яке пас аз дигаре истиқлолияти комили давлатии худро эълон намоянд. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як субъекти сиёсӣ дар арсаи ҷаҳоӣ пазируфта шуд. Мутаъсифона ин дастоварди нодири таърихӣ дер давом накарда, бархе аз нотавонбинону душманони миллати тоҷик, ба мафҳум ва моҳияти Истиқлолу озодӣ сарфаҳм нарафта, вазъи ҷумҳуриро муташанниҷ намуданд, ки оқибад ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор гардид. Дар натитҷа ҷанги шаҳрвандӣ одамони бегуноҳро ба коми худ кашида, ҳазорон нафар шаҳрвандони бегуноҳ қурбони ҳадафҳои нопоки душманон дохилию хориҷӣ гардиданд.
Қайд намудан зарур аст, ки гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо ҳар роҳу воситаҳо вазъиятро дар сартосари ҷумҳурӣ муташанниҷ месохтанд, ки дар пайи ин ҳодисаҳои даҳшатнок садҳо ҳазор одамон хонаю манзилҳои худар тарк намуда, ба давлатҳои ҳамсоя махсусан Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирорӣ намуданд. Дар натиҷа вазъият мурракаб гардида, соҳаҳои гуногуни кишвар рӯ ба завол ниҳода, заводу фабрикаҳо, корхонаҳои калонтарини истеҳсолии кишвар, ки мардумро бо хӯрока ва пӯшока таъмин менамуданд, дар натиҷаи ҷанги даҳшатафкан аз кор монда, садҳо нафар мутахасисоне, ки дар корхонаҳо кору фаъолият менамуданд, ба вазъияти муташаниҷи ҷумҳурӣ дигар тоб наоварда, ба хориҷӣ кишвар фирор намуданд. Дар натиҷа истеҳсолот маҳсулоти хурокворӣ кам гардида, вазъияти ҷумҳуриро боз ҳам мутшккилтар гардонид.
Барои расидан ба истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ хизматҳои фарзона фарзандони миллати тоҷик ва шахсиятҳои шинохта ва худшиносу худогоҳи мимллати тоҷик хизматҳои пурарзише намудаанд. Дар ин роҳ хизматҳои бесобиқаи ва арзшманду таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Хиради болою худшиносии миллӣ маҳз дар он солҳои мутҳиши ҷанги шаҳрвандӣ на ҳар як шахсият доро буд.
Бояд қайд намуд, ки марҳилаи аввали ташаккули давлатдории миллии мо асосан аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад маҳз дар ҳамин иҷлосияи тақдирсоз Пешвои музаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «Ман кори худро аз сулҳ оғоз менамоям ва то он ки як гуреза дар хориҷи кишвар қарор дорад ман худамро ором ҳис намекунам» воқеан ҳам чунин ҳам шуд ва ҳамаи гурезагонро ба Ватан бар гардонида шуданд.
Барои ба сари мизи музокирот овардани гурруҳои даргир, ки ҳар кадоми онҳо шартҳои гуногуни корӣ гузошта буданд ва даъвои ҳокимият ва роҳбарӣ менамуданд, кори саҳлу осон набуд. Пешвои муаззами миллат он ҳама пешниҳоду дархостҳои мухолифини кишварро ба назар гирифта, барои расидан ба сулҳу субот, тенҷию оромӣ Ваҳдати миллӣ 8 давраи музокирот ва 24 вохӯриву музокирот дар давлатҳои бо ҳам дусту бародар аз ҷумла; Федератсияи Руссия, Кобул, Теҳрон, Алмаато, Бишкек, Ашқобод Тошканд ва дигар мамлакатҳои хориҷӣ баргузор карда шудаанд.
Ҳамин натиҷаи гуфтушунид ва музокироту вохӯриҳои бардавом натиҷаи самарабахш ба бор оварда, дар натиҷа 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Руссия байни гуруҳои мухолифин ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. Он рӯз ҷашн буд, рӯзи шодию нишот буд. Сарвари давлатамонро дар бозгашта аз шаҳри Маскав дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ҳазорон нафар мардум бо гулу гулдастаҳо, бо ашки шодию нишот бо эҳсосоти саршор аз меҳру муҳаббат ва миннатдорию сипоси беандоза истиқбол намуданд. Он рӯз дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик чун рӯзи суруру шодмонӣ дар сартосари ватани азизамон бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамуданд. Тантанаҳои ҷашнӣ бошанд дар тамоми қаламрави шаҳру вилоят ва ноҳияҳо ба як базми шодмонӣ табдил ёфта буданд.
Воқеан ҳам ҳодисаи мазкур дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқло бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Акнун дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик саҳифаҳои нави давлатдорӣ боз гардида, ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон марҳила ба марҳила ба дастоварду музафариятҳои нав ноил гардид.
Хушбахтона, нуқтаҳои асосии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ бо муваффақият иҷро шуданд. Бо талошу хизматҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 1 милион нафар гурезагон, ки дар хоки Афғонистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя фирорӣ буданд, дубора ба хоки Ватан баргардонида шуданд.
Дар натиҷаи ин ҳама ранҷу азоб дубора миллати парешонгаштаи тоҷик бо Сарфарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду бора сарҷамъ намуданд. Бо кӯмаку дасгириҳои бевоситаи сарвари хирадманду дурандеш дар сартосари ҷумҳурӣ корҳои сохтмону азнавсозии иншоотҳои харобгордида, аз нав барқарор гардиданд ва авзои сиёсии ҷомеъа ба ҳолати муқаррарӣ бар гардонида шуд. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мақому ҷойгоҳи хоссаи худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо намда ташабусҳои неку созандаи Пешвои миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовози пайдо намуданд. .
Сулҳу оромӣ, имкон фароҳам овард, ки бисиёр масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ марҳила ба марҳила ҳалу фасл гардида, мавқеи байналмилалии Тоҷикистон мустаҳкам гардад. Натиҷаи чунин ҷаҳду талошҳ буд, ки имруз Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 190 давлати ҷаҳонӣ ва бо зиёда аз 50 созмонҳои байналмлалӣ, инчунин бо 130 давлат муносибатҳои хуби диплолатиро бароқарор намуда, ҳамкориро дар ин самт байни давлатҳо хубтару беҳтар ба роҳ монда монда шудааст. Таҷрибаи сулҳ офарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, ва тоҷикони ҷаҳон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо аз тарафи давлатҳои ҷаҳон, ташкилоту созмонҳои байналминалӣ мавриди омузишу баррасиҳо қарор дода шуда, ҳамчун намунаи беҳтарини сулҳофарӣ барои давлатҳо шинохта шудааст.
Асоси ҳамаи пешрафт ва тарақиёти ҳар давлат дар пойдорӣ сулҳу субот, тенҷиву оромӣ таъмини амният, бехатарӣ ва Ваҳдати миллӣ он сарчашма мегирад. Пас ҳар як шаҳрванди кишвар махсусан мо ҷавоноро вазифадорем, ки ба қадри ин ҳама талошу заҳматҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида баҳри бозҳам пешрафта гардонидани кишвари азизамон Тоҷикистон аҳлона заҳмат кашем.
Бо қаноатманди иброз менамоям, ки миллати бо фарҳангу соҳибтамаддуни халқи тоҷик дорои аҷдодони бузурги таърихӣ буда, баҳри боз ҳам пойдору устувор нигоҳ доштани ин ҳама дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар сулҳу субот, тенҷиву оромӣ, ҳамгироии миллӣ, таъмини амният, Ваҳдати миллӣ саъю кушиш менамоянд.
Бори дигар дар фарҷом ба кулли сокинони кишвар ва ҳамкасбон, муҳоҷирони бурунмарзро бо фарорасии ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуда, саломатии бардавом, дастархони фаровон ва ба Тоҷикистони азизамон фазои софу беғубор ва офтоби дурахшони Ваҳдат то абад нурафшонӣ бошад.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Дарвоз: Сафаров М.И

 



Омори сомона

1321761
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
384
476
2702
1315378
11721
23181
1321761