Тоҷикистони ободу озоди ман
Тоҷикистон кишвари ободу зебоест, ки бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдти саросарӣ имрӯз аз ҳисоби меҳнати созанда, бунёдкоронаю софдилонаи мардумаш, зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба рушд дорад.
Чун ҷашнгирӣ аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ наздик мешавад, ба ёдам рӯзҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ меояд. Чӣ рӯзҳои вазнину сангине буданд, барои миллати тоҷик. Иттиҳоди Шӯравӣ пароканда гашту Истиқлоли деринтизор, ки асрҳо миллати тоҷик дар орзуи он буд, ба даст омад. Ҳизбу ҳаракатҳо ва шахсони манфиатхоҳу манфиатҷӯ ин туҳфаи гаронарзиши тақдирро нодида гирифта, мардумро гумроҳ сохтанд. Аз ин гумроҳӣ, ноиттифоқӣ ва парокандагӣ душманони миллати тоҷик истифода карда, тавонистанд ҷанги шаҳрвандиро таҳрезӣ намуда, бародарро бо бародар зидди ҳам шӯронанд. Тибқи ҳисоботҳо дар ин ҷанги таҳмилӣ зиёда аз сад ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода, бисту панҷ ҳазор зан бева монда, 55 ҳазор кӯдак ятимон мондааст. Зарари молиявии расида, тавонист пешрафту тараққиёти кишвари тозаистиқлолро ду-се даҳсола ба қафо партояд.
Ваҳдат сарчашмаест, ки оби софу пок дорад. Сарчашмае, ки аз он рӯду дарё ва обҳои зиёде оғоз мегиранд. Сарчашмае, ки ташнагии мардумро мешиканад ва зиндагии онҳоро шодоб месозад.
Сулҳу ваҳдат дар таълимоти дини мубини Ислом низ мавқи махсусу хосса дорад. Дар яке аз аҳодис омадааст, ки Пайғамбари Ислом Муҳаммади Мустафо (с.а.с) гуфт:
-Бигӯям Шуморо, ки чист аз номзу рӯзаву садақа фозилар?
-Гуфтанд, бигӯй.
-Гуфт: Ин сулҳафканӣ миёни мусалмонон аст.
Ҳамагон хуб медонем, ки ин дастоварди хуҷастаи миллат, яъне Ваҳдати миллӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Танҳо бо талошу ҷоннисориҳои фарзонафарзандони миллат, бахусус Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки баъдан аз ҷониби мардуми тоҷик ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ шинохта шуд, ба ин дастоварди беназир ноил гаштем.
Дар айни ҳол, ки авзои ҷаҳон ноором асту таҳдидҳои давлатҳои абарқудрат рӯз аз рӯз зиёд мегардад, бояд андешаи онро дошта бошем, ки чӣ гуна аз ваҳдати миллӣ ҳимоя кунему онро комилу пойдор нигоҳ дорем. Имрӯз, ки душманони миллати тоҷик, чӣ худию чӣ бегона аз берун тариқи шабакаҳои иҷтимоию дигар расонаҳои хабарӣ ба сари миллат санги маломат мезананд, моро зарур аст, ки бо ҳаму иттифоқ бошем. Он хатоеро, ки 30 сол пеш карда будем, такрор насозем. Ҷавонони имрӯзаро дар руҳияи худшиносӣ, ҳуввияти милливу дарки рисолати миллӣ тарбия намоем. Барои расидан ба ҳадафҳои асосии муайяннамудаи Ҳукумати кишвар талош варзем. Қонунҳои амалкунандаи мамлакатро, ки пеш аз ҳама баҳри оромиву осоиштагии мардум нигаронида шудаанд, риоя намоем. Сабақҳое, ки таърихи халқи куҳанбунёди тоҷик ба мо додааст, фаромӯшт насозем. Танҳо дар ҳамин ҳолатҳо мо метавонем ба ояндагон як давлати ободу зебо бо номи Тоҷикистони азизро ба мерос гузошта бошем.
Мо мефахрем, ки имрӯз Пешвое дорем, оқилу доно. Пешвое, ки ҳамаи омилҳои дар боло номбаршударо сармашқи кори худ намудаву барои амалӣ намудани онҳо Барномаю Стротегияҳои зиёдро рӯи кор оварда, баҳри амалишваии онҳо кӯшишҳо равона менамояд.
Бояд қайд намоям, ки сол аз сол Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯ ба тараққӣ дошта, тамоми минтақаҳои кишвар дар ҳолати ободиҳою созандагиҳо қарор доранд. Танҳо бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз тибқи нақшаи чорабиниҳо 106 иншоот сохта ба истифода дода шуданд, ки симои на танҳо маркази ноҳия, балки дехотро ба куллӣ иваз намуданд.
Дар доираи пешвоз аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бошад, 103 банд таҳия гардида, 117 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки ба симои ноҳия, ҳамзамон барои пайдо намудани ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани зиндагии шоистаи мардум мусоидат хоҳанд намуд.
Боварӣ дорем, ки мардуми хирадманди тоҷик он имтиҳонҳои сангини таърихро пеши назар оварда, таҳти сарварӣ ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами милла, Президенти муҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдории Ваҳдату Истиқлолият пуштибонӣ намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани як гӯшаи биҳиштии олам-Тоҷикистони азизу маҳбуб кӯшиш хоҳанд намуд.
Раиси ноҳияи Дарвоз: Абдураҳмонзода С.С.