ТОҶИКИСТОН ВА ИТТИҲОДИ АВРУПО. САҲИФАИ НАВ ДАР ТАЪРИХИ МУНОСИБАТҲО
18.06.2019 www.jumhuriyat.tj
Рӯзҳои 29 - 30 майи соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск буд, ки бо ташрифи расмӣ дар кишвар қарор дошт ва дар баробари муколимот ва гуфтугӯҳои судманд бо мақомоти олии давлатӣ, аз кӯли Сарез ва ноҳияи Дарвоз низ дидан намуд.
Ташрифи расмии президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск роҳи муносиботи мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Иттиҳоди Аврупо дар марҳилаи нави таърихӣ ҳамвор сохт. Перомуни ин сафар рӯзноманигор Бахтиёри Қутбуддин бо коршиноси масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ, декани факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Холмаҳмад Самиев суҳбате анҷом додааст, ки манзури хонандагон мегардонем.
- Ташрифи расмии президенти Шӯрои Аврупо Доналд Тускро метавон саҳифаи наве дар таърихи сиёсӣ ва дипломатии Тоҷикистон унвон кард?
- Албатта, дар марҳилаи ҷадиди таърихӣ сафари расмии президенти Шӯрои Аврупо муҳтарам Доналд Туск саҳифаи наверо дар таърихи дипломатияи тоҷик кушод. Ҳарчанд намояндагони расмии кишварҳои аврупоӣ ва роҳбарияти созмонҳои байналмилалӣ тайи 27 соли соҳибистиқлолӣ зиёд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, вале ин сафар дар марҳилаи ҳассоси геополитикӣ дар таҳкими муносиботи дипломатӣ корсозтар аст. Илова бар ин, дар доираи ин сафар Доналд Туск бисёр воқеиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, маданӣ, мафкуравии дохилиро, ки бар асари таҳоҷуми иттилоотии бадхоҳони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутафовит ба назар мерасиданд, аз наздик мушоҳида кард ва ба шинохти дурустии вазъ даст ёфт. Аз ин лиҳоз, ташрифоти мазкурро бидуни шак, метавон ба унвони саҳифаи тозае дар муносиботи дипломатии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо муаррифӣ кард.
- Воқеияти сафари Доналд Тускро ба Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Доналд Туск дар нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки сафараш дар доираи қабул шудани Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ иттифоқ афтодааст ва аз ҷумлаи президенти аввалини Шӯрои Аврупо мебошад, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст. Аз ин ҷост, ки ташрифи расмии Доналд Туск баёнгари ҳамкориҳои қавии Шӯрои Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Зимнан, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва соири созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамкории қавӣ дорад ва дар доираи сиёсати «дарҳои кушод» бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳамкорӣ мекунад. Аз ҷумла, Иттиҳоди Аврупо аз шарикони муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ин нуктаро Доналд Туск пас аз анҷоми мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ ба таври равшан иброз дошт: «Тоҷикистон барои Иттиҳоди Аврупо шарики муҳим ва стратегӣ боқӣ мемонад». Ҳамчунин, ин меҳмони олимақом афзуд, ки ҷойгиршавии минтақавии Тоҷикистон аз нуқтаи стратегӣ муҳим буда, нақше, ки байни Аврупо ва Осиё дорад, барои шарикии замонавӣ роҳҳои навро боз мекунад. Аз ин ҷост, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ба марҳилаи ҷадид мерасанд ва таҳаввулоти баъдиро дар заминаи ин навъ диду боздидҳо метавон интизор шуд.
- Ба назари шумо, дар доираи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Шӯрои Аврупо муҳтарам Доналд Туск чӣ масоили муҳиме матраҳ гардиданд, ки дар дурнамои сиёсати хориҷии давлати миллӣ асаргузор бошанд?
- Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд. Тарафҳо силсилаи масоил, минҷумла масъалаҳои муҳими ҳамкории сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию башардӯстонаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, татбиқи санадҳои қаблан имзошуда, аз он ҷумла Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро мавриди баррасӣ қарор дода, нақши шӯрои ҳамкорӣ, кумитаи ҳамкорӣ ва зеркумитаи рушди он, муколамаи сиёсию амниятӣ ва муколамаи ҳуқуқи инсонро барои таҳкими муносибот мусбат арзёбӣ карданд.
- Албатта, масоили амниятӣ ва суботи минтақавӣ, ҳамчун мавзӯоти ҳассоси замони муосир низ аз доираи суҳбат берун намонд…
- Бале, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои амниятӣ ва суботи минтақавӣ, аз ҷумла муборизаи муштарак бар зидди зуҳуроти номатлуби терроризм, оқибатҳои даҳшатбори он, паҳншавии терроризму экстремизми динӣ - мазҳабӣ дар минтақа ва ҷаҳон, хатари гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ мавриди гуфтугӯ қарор гирифт. Гузашта аз ин, ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо, алалхусус барномаҳои БОМКА ва КАДАП, дар самти таҳкими иқтидори муҳофизатии сарҳади давлатӣ бо Афғонистон махсус зикр гардида, изҳори итминон карда шуд, ки вобаста ба таҷаммӯи бештари гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон, тадбирҳои мустаҳкам намудани хати сарҳад тавассути ёриҳои бештари Иттиҳоди Аврупо минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Аз ҳама муҳим, Иттиҳоди Аврупо ва президенти Шӯрои Аврупо муҳтарам Доналд Туск ҷиддияти масоили амниятӣ ва суботи минтақавиро, ки дар пешорӯи таҳдиду хатарҳои гуногун қарор доранд, ба хубӣ дарк намуданд ва дар пайи ҳалли мушкилоти амниятӣ ва ҳифзи сарҳадоти давлатӣ гомҳои устувор бардоштанд.
- Дар доираи дидор мавзӯи экстремизм ва терроризми динӣ-мазҳабӣ дар минтақа, ки аз исломи сиёсӣ маншаъ мегирад, мадди назари бевоситаи тарафҳо қарор гирифт...
- Мавзӯи экстремизм ва терроризми динӣ - мазҳабӣ дар минтақа ҳамчун мавзӯи ҳассоси замони муосир, ки бештар ба исломи сиёсӣ гароиш дорад, дар ҳошияи масоили амниятӣ ва суботи минтақавӣ матраҳ гардид. Мутмаинан, президенти Шӯрои Аврупо доир ба масоили терроризму экстремизми динӣ - мазҳабӣ, ки дар минтақа таҳти пӯшиши исломи сиёсӣ ҳузур ва нуфуз пайдо кардан мехоҳад, мутолеоти ҷиддӣ дорад ва аз барномарезиҳои сиёсие, ки бар мабнои манофеи баъзе қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ роҳандозӣ мешаванд, воқиф аст. Афзун бар ин, мубориза алайҳи гурӯҳҳои тундрав ва ифротии мазҳабӣ, ки дар партави исломи сиёсӣ амният ва суботи минтақаҳоро зери суол мебаранд низ, дар барномаи кории Доналд Туск ҷой дорад ва дар ин масир муборизаи дастаҷамъонаро омили суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ донистани мақомоти баландпояи Шӯрои Аврупо аз зумраи дастовардҳои сафари расмии Доналд Туск маҳсуб меёбад.
- Маълум аст, ки сафари расмии президенти Шӯрои Аврупо ба Тоҷикистон дар расонаҳо ва пойгоҳҳои иттилоотию таҳлилии мустақил вокунишҳоро ба вуҷуд овард. Дар ин замина чӣ андеша доред?
- Тавре аз муҳтаво ва натоиҷи ташрифи президенти Шӯрои Аврупо иттилоъ дорем, сохторҳои ҳукумативу дипломатии аврупоӣ аз ин сафар изҳори қаноатмандӣ карда, натиҷаҳои онро барои ҳар ду ҷониб мусбат арзёбӣ намуданд. Табиист, ки барои доираҳои дигар ва, махсусан, баъзе расонаҳои ифротӣ, ки ғолибан зери чатри ташкилоти террористии наҳзатӣ паноҳ мебаранд, сафари сиёсатмадори аврупоӣ Доналд Туск нигарониҳоро ба бор овард. Онҳо аз ин сафар интизориҳои дигар доштанд, аммо мунтазироти ин бадхоҳон бароварда нашуд. Ин аст, ки вокунишоти тунде дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бар ҷой гузоштанд. Мурури баъзе сомона, расонаҳои ифротӣ ва матолиби шабакаҳои иҷтимоӣ ҳокӣ аз он аст, ки «Доналд Туск ба баррасии ошкору интиқодии вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон напардохт ва масоили доғро сарфи назар кард». Ин навъи мулоқоти раҳбари сиёсии Аврупоро мунаққидони хориҷӣ, аз ҷумла пойгоҳҳои наҳзатӣ ба мавзӯи тақвияти мавқеи Аврупо дар Осиёи Марказӣ марбут медонанд ва дар ин замина натиҷа мегиранд, ки «Туск ба хотири тақвияти муносибот дар Осиёи Марказӣ намехоҳад бо раҳбарони поймолкунандаи озодиҳо муносибатро бад кунад». Ба ин тартиб, боздиди Доналд Тускро гурӯҳҳои зиддимиллӣ, ба таври ғаразнок арзёбӣ карданд.
- Наҳзат, ба фикрам, зиёдтар аз дигар созмонҳо дар ин масъала ранҷ мебарад, ҳамин тур нест?
- Албатта, роҳбарияти наҳзатӣ ва доираҳои ба он марбут аз чунин ранг гирифтани мулоқот ба шок афтиданд ва онҳо ҳаргиз бовар надоштанд, ки сафари расмии президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск барои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон босамар меанҷомад. Элитаи наҳзатӣ ва ҳаммаслакони он, ки дар ташкилаи худхондаи Паймони миллии Тоҷикистон мунсаҷим шудаанд, аз он изҳори ризоият мекарданд, ки раҳбари сиёсии Аврупо хостаҳои онҳоро таъйид мекунад ва роҳро барои касби нуфуз дар минтақа ҳамвор месозад. Суистифода аз мафҳумҳои «демокросӣ», «мардумсолорӣ», «парламентаризм», «секулоризм», «либеролизм», «гуфтугӯмеҳварӣ» дигар ба кори рӯзмарраи баъзе гурӯҳҳо ва созмонҳои сиёсии хориҷӣ табдил ёфтааст, ки худро мухолифи сарсахти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморанд.
Бо пӯшиш додани мафҳумҳои болоӣ онҳо мехоҳанд дар Аврупо худро ҷонибдори низоми демократӣ вонамуд кунанд ва созмону давлатҳои қудратманди ғарбиро ба пуштибонӣ даъват намоянд. Аз ҷумла, шикоят бурдан ба Иттиҳоди Аврупо ва САҲА аз силсилаи барномарезиҳои ба истилоҳ, мухолифини тоҷик дар Аврупо ба шумор меравад. Вале, тавре ки мушоҳида кардем, сафари Туск ба манфиати гурӯҳҳои манфиатхоҳ мусоидат накард ва раҳбари сиёсии аврупоӣ бо таассуроти ҷолиб аз Тоҷикистон ба Аврупо баргашт. Ва воқеӣ ба назар мерасад, ки расонаҳои мустақили хориҷӣ, ки ба манфиати ин ва ё он гурӯҳи мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон ба сафари Доналд Туск вокуниш нишон медиҳанд ва аз он ба унвони ташрифоте, ки дар рушди демократия ва ҳифзи арзишҳои умумиинсонӣ беаҳамият аст, ёд мекунанд. Вақте ки ниёзҳо бароварда нашуд, интиқодот зиёд мешавад. Ин аст, ба назари мо, формулаи вокунишҳои шадиди гурӯҳҳои манфиатхоҳи тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар худро мухолифин унвон мекунанд.
- Чӣ наҳзат ва гурӯҳҳое, ки алъон зикрашон рафт, ба пуштибонии созмонҳои байналмилалӣ, Иттиҳоди Аврупо ва шахси президенти Шӯрои Аврупо такя мекунанд?
- Аслан, гурӯҳҳои ба ном мухолифи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар саргаҳи он эътилофи дурӯғини Паймони миллии Тоҷикистон истодааст, ба пуштибонии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои пуртаъсири сиёсии ғарбӣ ниёз доранд ва дар партави пуштибониҳои хориҷӣ фаъолияти худро ҷоннок мекунанд. Дигар ин ки онҳо дар симои мақомоти баландпояи ғарбӣ ҳомиёни ормонҳои демократиро мебинанд, ки тавассути изҳорот ва паёмҳои сиёсӣ аз фаъолияти бемамониати онҳо барои таъмини ҳуқуқи башар, иҷрои қонунҳо ва озодиҳо мусоидат мекунанд. Дар ҳоле ки асли мафкураи мухолифини наҳзатӣ ба арзишҳои демокросӣ ва мардумсолорӣ дар таноқуз аст ва раҳбарияти наҳзатӣ аз арзишҳои либеролӣ ва демокросӣ ҳамчун абзори мафкуравӣ ва сиёсӣ дар маъракаҳои сиёсӣ истифода мекунад ва тамҷид аз озодандешиву дунявият танҳо василаи расидан ба ҳадафи мухолифон ҳасту бас. Аз ин рӯ, такя кардан ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои гурӯҳҳои мухолиф амри зарурист. Мутаассифона, сиёсати дугонаи баъзе созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ боиси он гардидааст, ки гурӯҳҳои тундрав дар минтақаҳо нуфуз пайдо намоянд ва ноамнию бесуботӣ густариш ёбад.
- Баъзе коршиносони масоили ҳуқуқи башари хориҷӣ ба ин назаранд, ки дар Тоҷикистон баъди соли 2015 рукуди арзишҳои демократӣ ва маҳдудшавии озодиҳо мушоҳида мешавад, вале суҳбатҳои президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск иддаои онҳоро машкук ҷилва медиҳад. Ҳамин тавр нест?
- Комилан, бо шумо мувофиқам. Муддаиёни ин навъ биниш ва андеша наҳзатро ба унвони неруи пешрав ҷилва медиҳанд ва онро дар хориҷ аз кишвар реклама мекунанд. Ин назари тоза нест. Солҳост як идда коршиносони мустақили дохилию хориҷӣ ба ин нуқтаназар побанд буданду ҳанӯз ҳам ҳастанд. Будани наҳзат дар фазои сиёсии кишвар чӣ мушкилеро дар Тоҷикистон ҳал кард, ба ҷуз бурузи иддаоҳои мазҳабӣ, хушкандешӣ ва нуфузи таассуб дар баданаҳои иҷтимоӣ? Омили аз саҳнаи сиёсии кишвар дур шудани наҳзат худи наҳзат мебошад. Фазлфурӯшиҳо, иддаоҳои бебаркаш, риёкорию худнамоиҳо ва саранҷом дар табаддулоти давлатӣ даст доштан ҳизби наҳзатро ба инҳироф бурд ва сабаби баста шуданаш гардид.
Дар мавриди интихоботҳо ва шаффофияти онҳо ҳаминро бояд арз дошт, ки чаҳор сол пеш дар пайи интихоботи порлумонӣ ҳизби наҳзат овози заруриро гирифта натавонист ва ҷойҳои худро дар порлумон аз даст дод. Ҷараёни интихоботро нозирони минтақавӣ ва байналмилалӣ назорат карданд ва он замон маъракаҳои сиёсии ҷумҳуриро ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои интихоботҳои воқеии демократӣ арзёбӣ карданд. Албатта, дар раванди баргузории чорабинии сиёсӣ камбуду навоқис ҳам ҷой дошт, ки амри табиист. Аммо, ба таври куллӣ, интихобот дар Тоҷикистон хуб сурат гирифт ва аҳзобе, ки овозҳои зарурии халқ ва интихобкунандагонро соҳиб шуданд, ба порлумони кишвар роҳ ёфтанд. Агар аҳзоби мухолиф ба маҷлис роҳ наёфта бошанд, айби кист?
- Дар доираи сафари расмӣ, раҳбари сиёсии Аврупо аз кӯли Сарез дидан кард ва бо табиати дилфиребу нотакрори диёри мо ошно шуд. Ҳамчунин, аз ноҳияи хушманзараи Дарвоз боздид ба амал оварда, бо намояндагони қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ мулоқоти самимӣ анҷом дод. Ин навъ вохӯриҳо, бешубҳа, биниши раҳбари сиёсии аврупоиро нисбат ба мардум ва табиати нотакрори Тоҷикистон тағйир медиҳад.
- Ҳатман тағйир медиҳад. Доналд Туск на танҳо аз кӯли Сарез дидан кард, балки зимни боздид аз кӯли Сарез, ки яке аз бузургтарин манбаъҳои оби мусаффо дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, табиати дилфиребу нотакрор дорад, ба захираҳои бузурги обии Тоҷикистон баҳои баланд дода, табиати зебою нотакрори диёри моро ганҷинаи бузурги табиӣ номид. Дар гузориши муфассали телевизионӣ, ки ба муҳтавои сафари расмии Доналд Туск ихтисос ёфта буд, таассуроти раҳбари сиёсии аврупоӣ нисбат ба табиати нотакрори диёри мо, манбаи оби мусаффо будани Тоҷикистон, ташаббусҳои Сарвари давлат дар масоили марбут ба мушкилоти оби сайёра ва таъмини мардум ба оби ошомиданӣ изҳор гардиданд. Ӯ баъд аз тамошои кӯли Сарез бардоштҳояшро ба хабарнигорон ин тавр арзёбӣ кард: «Ҳангоме ки мо ба ин кӯли нодир назар меафканем, пеш аз ҳама, неъмати гаронбаҳои табиат – обро мебинем. Мо бояд обро самаранок, ба шеваи устувор мавриди истифода ва истеъмоли худ қарор бидиҳем. Зеро ин неъмати табиат сарвати муҳим маҳсуб мешавад. Дар ҳақиқат, ин сарвати Тоҷикистонро ягон кишвари дунё соҳиб нест. Оби поку мусаффо ва табиати дилфиреб, албатта, дили ҳар бинандаро тасхир мекунад. Дар миёни кӯҳсор ганҷинае нуҳуфтааст, ки наҷотбахши башар аст…».
Дар идомаи сафар Доналд Туск аз "Кохи бонувон" ва истироҳатгоҳи «Чорчаман» - и ноҳияи Дарвоз низ дидан кард. Дар "Кохи бонувон" фаъолият ва маҳсули дастранҷи ҳунармандон муаррифӣ карда шуд. Дар истироҳатгоҳи «Чорчаман» бошад, намоиши ҳунарҳо, хӯрокҳои миллӣ ва дастранҷи сокинони ин ноҳияи кӯҳистони мамлакат ташкил гардида буд. Зимни боздид ҳайати меҳмонон аз тамошои маконҳои зебову чашмаҳои ин минтақаи мамлакат ҳаловат бурда, таассуроташон дар бораи Тоҷикистони биҳиштосо ва мардуми заҳматқарини он тағйир ёфт. Бо чашми худ дидани воқеиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, ҳунарӣ, эҷодӣ ва фарҳангии кишвар назари ташрифоварандагонро нисбат ба давлати мо дигар кард. Тағйироти назари раҳбари сиёсии аврупоиро дар ҳолати ӯ, ки аз тариқи наворҳои расонаӣ ва телевизионӣ бармало мешуд, мушоҳида кардан мумкин буд.
- Баъзан, дар расонаҳо аз танишҳо миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ сухан меравад. Оё ин навъ танишҳо ба Иттиҳоди Аврупо ва роҳбарони сиёсии аврупоӣ низ иртибот мегиранд?
- Бояд арз дошт, ки танишҳои лафзӣ, баъзан, буруз мекунанд, вале миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мушкилоте вуҷуд надорад. Баъдан, радду бадалҳо ва мунозираю мубоҳисаҳо дар робита бо масоили муҳим ва калидӣ ҳамеша дар меҳвари фаъолиятҳои созмонҳои байналмилалӣ ва раҳбарияти давлатҳо қарор доштаанд ва шароити имрӯза низ аз ин қоида истисно нест. Вуҷуди баҳсу мунозираҳо ва интиқодҳо ба рушди демократия ва мардумсолорӣ мусоидат мекунад. Гузашта аз ин, дар нишасти матбуотӣ, ки ба мавзӯи ташрифи раҳбари сиёсии аврупоӣ ҷаноби Доналд Туск ихтисос ёфта буд, дар ҳузури намояндагони ВАО Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки равобити ҳасана ва дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо тайи давраи соҳибистиқлолии давлати мо бар пояи усулҳои баробарҳуқуқӣ, ҳусни тафоҳум, эҳтирому эътимод ба якдигар ва риояи манфиатҳои тарафайн ба роҳ монда шуда, ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ имрӯз аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки як даҳсола қабл ба тасвиб расидааст, робитаҳои тарафҳо тақвияту тавсеа ёфта истодаанд. Дар доираи Стратегияи рушди миллӣ то давраи соли 2030, ки омилҳои калидӣ ва роҳу василаҳои рушди дарозмуддату устувори Тоҷикистонро муайян мекунад, Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро дар баробари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид чун шарики калидии татбиқи ин стратегия дидан мехоҳад. Ба сухани дигар, давлати Тоҷикистон аз Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ самимона истиқбол менамояд.
Бо масъулияти тамом метавон гуфт, ки миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ сӯитафоҳуме вуҷуд надорад ва мулоқот, диду боздидҳои раҳбари сиёсии аврупоӣ аз кишвари мо ин нуктаро бори дигар собит месозад, ки ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кулли масоил умри ҳамбастагиҳои давлати Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро дароз мекунад.
- Тарафи мухолиф бар он пофишорӣ менамояд, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи инсон поймол карда мешавад ва маҳдудиятҳо дар заминаи озодии баён ва виҷдон ба назар мерасад. Маҳз пайгирии ин масъаларо мухолифон аз ҷаноби Туск интизор буданд. То куҷо назари мухолифин дуруст аст?
- Ба ном мухолифин барои он ки дар хориҷ имиҷи сиёсӣ касб кунанд ва ҳамчун неруи сиёсии фаъол шинохта шаванд, ба мавзӯи озодии баён ва ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳ мекунанд. Чун медонанд, ки дар заминаи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои инсонӣ дар Аврупо барномаҳои ҷиддие рӯи даст гирифта шудаанд ва дар ин самт сармоягузориҳои ҳангуфте ҳам ҷой дорад, ба гӯшзад кардани ин гуна мавзӯъҳо даст мезананд ва аз ин ҳисоб рӯз мебаранд. Аммо дар Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи башар ва озодиҳоро раҳбари сиёсии аврупоӣ ба чашми сар дид. Албатта, мо намегӯем, ки дар масоили марбута Тоҷикистон мушкил надорад ва қавонин сад дар сад иҷро мешаванд. Мушкилот ҳам мавҷуд аст ва Ҳукумат пайи рафъи камбудиҳо дар ин самт ҷаҳду талош меварзад. Нуктаи дигар ин аст, ки ҷомеаи мо дар ҳалли мушкилот бо Ҳукумат хеле кам ҳамкорӣ мекунад ва баъзан бетарафӣ аз сӯи шаҳрвандон мушкилоти самтро меафзояд. Агар ба ном мухолифин озодии виҷдон гуфта бастани чанд масҷиди ғайриқонунӣ ва ё ба маҳкама кашидани чанд ҷинояткори мазҳабиро дар назар дошта бошанд, сахт иштибоҳ мекунанд. Озодии виҷдон бар он маъност, ки як инсон дар доираи қавонини мавҷуда ба ҳар ақида ва мазҳабе, ки алоқа дорад, мепайвандад ва таҳмили ақоид, ба ҳеҷ ваҷҳ, мумкин нест. Аммо доираҳои мазҳабии мо ва бахусус, рӯҳониёни муҳофизакор ва мутаассиб ба таҳмили ақидаи худ пофишорӣ мекунанд ва нафаронеро, ки ба онҳо мухолифати фикрию ақидатӣ доранд, ба куфру илҳод муттаҳам мекунанд. Магар ҳамин аст, озодии виҷдон? Ё ин ки озодии виҷдон танҳо ба мусулмонон ва мазҳаби ҳанафӣ татбиқ мешавад? Онҳое, ки ба мазоҳиб ва ё ақоиди дигар майл доранд, дар доираи қавонини мавҷуда аз ҳуқуқи баробар бархӯрдоранд. Бинобар ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шаҳрвандонро, қатъи назар аз ҷойгоҳу мақом, дину мазҳаб ва миллату халқият баробар медонад. Ба ин меъёрҳо побанд бояд буд, на ин ки лофи динмадорӣ ва тақводорӣ зад. Мутаассифона, дар муҳитҳои мо диндорӣ бо риёкорӣ тавъам шудааст ва ҳар риёкоре динмадор аст ва худро аз дигарон болотар медонад.
Хушбахтона, президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск бо воқеиятҳои давлат ва кишвари мо ошно шуд ва минбаъд таҳрифгарони воқеиятҳоро мешиносад.
- Аз ин бармеояд, ки сафари расмии президенти Шӯрои Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ буд.
- Оре, сафари расмии президенти Шӯрои Аврупо ба Тоҷикистон муваффақ буд. Сатҳи баланди пазироии меҳмон, ташкили мулоқоту вохӯриҳо, сафар ба кӯли Сарез, боздид аз ноҳияи Дарвоз ва дасткориҳои санъатӣ ва ҳунарии мардум, ошноӣ бо намояндагони ҷомеаи маданӣ, тамошои табиати нотакрори диёр ва дар ниҳоят, таассуроти аҷиб аз сафари расмӣ Доналд Тускро ба ояндаи боз ҳам дурахшони Тоҷикистони азиз боварманд месозад. Зиёда аз ин, ҷаноби Туск ҳамчун як дипломати муваффақ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари босамар анҷом дод ва то дер боз диду боздидҳо ва мулоқоту вохӯриҳояшро бо раҳбарияти сиёсӣ ва ақшори иҷтимоӣ дар хотир ҳифз хоҳад кард. Бешубҳа, ин сафар дар марҳилаи нави таърихӣ заминаҳои мусоидро барои рушди муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо фароҳам хоҳад овард.