Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Темур Варқӣ ҷинояткоронро ҳимоя мекунад

Ифротгароӣ, палидӣ ва нобакории наҳзатиҳо то ба ҷойе расидааст, ки ҳатто аз бадбахтиҳо ва маргу мурдаи инсонҳо ҳам ба манфиати худ истифода мекунанд. Масалан, имрӯз роҳбарону фаъолони ТТЭ ҲНИ тамоми неруи аҳримании худро ба кор андохта, дар атрофи ошуби дар зиндони Хуҷанд ба амал омада афсонабофӣ мекунанду ба Ҳукумати кишвар туҳмат мезананд. Хусусан дар чунин мавридҳо қалами журналисти фурухташуда ва хизматгори наҳзатиҳо Темур Варқӣ тез мешаваду вай ба хотири дарёфти  қути лоямут бар зидди

Тоҷикистон мақолаҳои душманона менависад. Мақолаи охирини ӯ бо номи “Кровавая резня в Худжандской зоне пособников ИГИЛ”, ки дар расонаи ифротии наҳзатӣ нашр шудааст, аз ҳамин қабил аст.

Варқӣ дар мақолааш ошуби маҳбусонро чунон инъикос мекунад, ки гӯё онро бо чашми худ дида бошад ва маълум аст, ки аз ин ҳодисаи ба амаломада хурсанд аст, зеро боз барояш “кор” ёфт шуд ва Кабирии хуҷаинаш бар ивази таълифи мақолаи навбатии палидонааш уро мукофоте хоҳад дод. Аз навиштааш маълум мегардад, ки вай истилоҳ ва усулҳои дар зиндон истифодашавандаро ҳам хуб медонистааст. Ё шояд бо ҳамин маҳбусони ошубгар робита доштааст?

 Ин муаллифи бадбахт амалиёти мақомотро зимни пахши ошуби зиндониёни мусаллаҳшуда ва хеле хатарнок “ғайрикасбӣ” ва “зиддиинсонӣ” унвон мекунад  ва норозӣ аст, ки дар ин маврид аз неруи ОМОН ва “Алфа” истифода шудааст. Аммо вай бо ин навиштааш рӯсиёҳӣ мекунад ва хонандагонро ба каҷфаҳмию иштибоҳ андохтанӣ аст. Аввал ин ки амалиёт бо вуҷуди мавҷудияти вақти барои тасмимгирӣ кам (шумораи зиёди маҳбусон якбора мусаллаҳ шуда ба ҳуҷум гузаштанд ва мехостанд фирор кунанд) дар сатҳи зарурӣ доир шудааст. Агар амалиёт ғайрикасбӣ мебуд, ошуб пахш намегардид ва зиндониёни мусаллаҳ фирор мекарданд ва чунин ҳолат оқибати ниҳоят баде барои амнияти кишвар медошт.

Дуюм, амалиёт ҳаргиз зиддиинсонӣ набуд, зеро он барои пахши ошуби одамони одӣ не, балки шумораи хеле зиёди маҳбусони хатарноку мусаллаҳ доир гардидааст. Чунин ҷинояткоронро, ки ба ҳар амали хатарнок қодиранд, танҳо шартан инсон гуфта мешавад. 

Сеюм, дар ҳолате ки ин маҳбусони хатарнок нозирони зиндонро бераҳмона кушта, қасди ба берун баромадан доштаанд, неруи кӣ бояд истифода мешуд? Ғайри   ОМОН ва “Алфа” зури кӣ ба онҳо мерасид?  

         Темур Варқӣ бешармона амалиёти кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро, ки бар ивази ҷони худ  бар зидди ҷинояткорон анҷом додаанд, бедодгарии асримиёнагӣ меномад ва боз аз шарафу номуси шаҳрвандӣ сухан мегуяд. Кадом шаҳрванд? Магар ҳамин ҷинояткорони хатарнокро, ки ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳамла карда, онҳоро мекушанд, шаҳрванд гуфтан мумкин аст? Магар ҳаминҳо шарафу номус доранд?

         Хеле аҷибу манфур аст, вақте ки Темур Варқӣ ва ҳамроҳонаш худро “озодандеш” меҳисобанду лекин аз ҷинояткорони террорист ҳимоя мекунанд. Аз ҷинояткорон қаҳрамон ва бечора сохтанӣ мешаванд. Варқӣ хостори ҷаноза кардани маҳбусони ошубгари безараршуда ва барои онҳо эълон кардани рӯзи мотам аст. Аммо агар вай журналист ва инсони дуруст мебуд, дар ин маврид кормандони ҳифзи ҳуқуқро не, балки ҷинояткоронро маҳкум мекард ва дар бораи қаҳрамонии сарбозони ОМОН ва “Алфа” очерк эҷод мекард. Вале ӯ тамоми муқаддасоти инсониро бар ивази манфиати шахсиаш фурухта, дар хизмати террористони наҳзатӣ камар бастааст ва имрӯз ба сатҳи ҳамин ҷинояткорони ошубгар баробар шудааст.  

         Темур Варқӣ бо мақсади дар назди салафиҳо худро ширин кардан бо дарду алам менависад, ки гӯё кадомеро барои зимни намозгузорӣ нодуруст гузоштани пойҳояш ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Аммо наменависад, ки чунин тарзи намозхонӣ яке аз нишонаҳои салафӣ будани одам, яъне ҳамақидаи ДИИШ будани вай аст. Агар мақомот чунин афродро ба ҷавобгарӣ мекашанд, дуруст мекунанд. Зеро ин нафарон ҳам мисли наҳзатиҳо кишвари моро ба Сурия ва Ироқ табдил доданӣ ҳастанд.

         Ин хизматгори наҳзатиҳо дар мақолаи палидонааш Роҳбарияти кишварро туҳмат карда, бисёр воҳима мекунад ва аз ҷавобгарию рӯйхати Магнитский ёдовар мегардад. Аммо мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ медонанд, ки Роҳбарияти кишварамон сиёсати дурусту созандаро пеш мебаранд ва ободиҳою дастовардҳои беназир исботи ин гуфтаҳост. Мубориза бар зидди ҷинояткорию терроризм ҳам як ҷузъи ҳамин сиёсат аст ва аз ҷониби мардуми Тоҷикистон дастгирӣ меёбад.        

         Парвизи Мирзо, таҳлилгар



Омори сомона

1321761
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
384
476
2702
1315378
11721
23181
1321761