Тарс аз сахтињои зиндагї
Ватан љоест, ки хуни нофи мо дар он љо рехта ва мо бояд онро гиромї дорем. Соњибистиќлолии деринтизори давлати тољикон, ки њадяи Илоњист, бояд њифз намоем, барои рушду нумўи он дар якљоягї камари њиммат бандем.
Аммо, мутаассифона, на њама ба ќадри осудагї, сулњу истиќлол мерасанд. На њама назари хирадмандона ва чашми хушбин доранд. Аксарият асбоби хушбахтиро аз дигарон ин тизорї мекашанд ва аксар ваќт аз номењрубонињои дигарон шиква мекунанд, аммо як бор фикр намекунанд, ки хушбахтию мењрубонињо њама дар дасти худи мост.
Рўз то рўз ба он нафароне, ки имрўз дар хориљи кишвар бозичаи сиёсатбозон гаштаанду санги маломат ба сари миллати хеш мезананд, нафратам меояд. Онњо гўё худро озод мењисобанду дигар бошандагони Тољикистони азизро бадбахт медонанд, бехабар аз он, ки озодї ваќте аст, ки ихтиёри мо ба дасти аќли хеш бошад. Њамаи мо медонем, ки имрўз ихтиёри ин «озодагон» дар дасти хољагони хориљиянд. Ва он ки хушбахтии худро ба дасти дигаре медонад, басе шалоќњои бадбахтї, нокомии зиндагиро хоњад кашид.
Чанде пеш тавассути телевизиони Тољикистон филмеро бо номи «Бешарафї» тамошо намудам ва то ба њол лањзањои филм пеши чашмонам чарх мезананд. Ба таќдири талхи љавони дар он давраи њасосу вазнини љанги шањрвандї аз Ватан дурафтода, дилам чун чўби тар месўзаду ба падари ошиќи пулу мол гаштааш, лаънати Худоро мехонам. Наход падар роњеро наёфт, ки писарашро аз ин шармандагию бадномї бирањонад? Тарс ин бањона нест. Наход падар то андозае, ки писарашро ба никоње марде дароранду ў ќодир набошад, ки кореро ба анљом расонад. Боз падаре, ки мол дошту пул дошт. Ногуфта намонад, ки тољикон ќумандонњои зиёде доштанд, ки аксари афѓонњо аз онњо метарсиданд…
Имрўз боз як андеша маро бењад нороњат кардааст, ки чаро Муњаммадиќболи Садриддиназ гузаштаи талхи худ панде нагирифт? Чаро як бор наандешид, ки кўи ѓарибї ўро ба кадом роњ, ба кадом рўсиёњї оварда расонд? Оё метавон ба њама њаќиќати зиндагї чашм пўшонд? Ў боре наандешид, ки санги партофтааш ба сари миллати тољик, бозгашт ба сари худаш дорад? Чаро ў бори вазнини нангу номуси аз дастдодаро бардошта, то оне, ки обурўяш нарезаду аз даст наравад, роњи дурустеро интихоб накард? Медонед барои чи? Барои он, ки одами беиродаи тарсо аз марг вањшат дорад ва аз сахтињои зиндагї њарчи бошад месозад ва худро намекушад. Не. Ман ўро ба худкушї даъват намекунам, чунки худкушї азимтарин гуноњ аст, аммо Муњаммадиќболи Садриддин метавонист аз айёми рўзгор бањра бардораду худашро ислоњ намояд. Ба умеде, ки гўё бозгашт надорад, худро ѓарќи гуноњ насозаду бо амалу рафтори занонааш дар назди дигар халќу миллатњо номи тољики тољдорро паст назанад. Сарчашмаи њамаи бадбахтињои бузург дар ѓафлатњои кўчак аст.
Имсол 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон љашн гирифта мешавад ва бо боварї аз аќлу хиради худододи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, ки дар доираи таљлили ин љашни бузург шояд авф итиллоие эълон намояд, аз њамаи нафароне, ки дар хориљи кишвар ба сар мебаранду ба созандагию ободкорињо дар Тољикистони азиз боварї надоранд, чун як шањрванди комилњуќуќ мурољиат менамоям, ки роњи рости зиндагиро интихоб намоянду барои ободию пешрафти мамлакати аљдодї камари њиммат бандем.
Мањмадкаримов Љ-омўзгори МТМУ №52