Таҷлили ҷашни Сада дар ноҳияи Дарвоз

Рӯзи 30-юми январи соли 2025, тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон, муовинони раис, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, мақомти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва доираи васеи сокинони касбу кори гуногун бахшида ба ҷашни Сада дар майдончаи Таги чанори маркази ноҳия намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, баргузор карда шуд.
Дар оғози чорабини раиси ноҳия Носирзода Умедҷон Саидҷон аз намоишгоҳ дидан намуда, барои иштироки фаъолона дар намоишгоҳ ба масъулин баҳои баланд доданд.
Сипас, раиси ноҳия ба сухан баромада ҳозирин, сокинон ва кишоварзони ноҳияро ба муносибати таҷлили ҷашни Сада, ки ҷашни қадимаю таърихии ниёгони мо маҳсуб меёбад, табрику муборакбод намуда, қайд намуданд, ки ҷашни Сада дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон ҷойгоҳи ба худ хос дошта, мардум арзишҳои волои онро дар хотираи таърихии хеш на танҳо чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз кардаанд, балки сарфи назар аз фишори аҷнабиён дар давоми ҳазорсолаҳо расму оинҳои худро вобаста ба талаботи давру замон васеъ таҷлил мекарданд.

Ҳамзамон, таъкид намуданд, ки ҷашни Садаро ҳанӯз аз замонҳои қадим ниёгони мо панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро то ҷашни Наврӯз ҳисоб карда, таҷлил менамуданд. Яъне, Сада ҷашни омодагӣ ба Наврӯз буда, ин ду ҷашни қадима бо ҳам тавъам мебошанд. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ сабаби Сада номгӯзори шудани ин ҷашн низ дар ҳамин аст.
Дар чорабинии мазкур як қатор фаъолон бо Ифтихорномаи раиси ноҳияи Дарвоз қадрдонӣ карда шуданд.
Инчунин, ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи ҷаддиду диданӣ тавонистанд табъи иштирокчиёнро болида созанд.