Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Таҷлили ҷашни Истиқлолият дар қисми сарҳадии 0409

  istiklol

  Санаи 10.09.2020 дар қисми низомии 0409 29-  умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд.

  Нахуст, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон суханронӣ намуда, ҳозирин ва афсарону сарбозонро ба муносибати ин санаи таърихӣ табрику муборакбод гуфта, орзӯи тансиҳатӣ, тавонмандии афсарону сарбозонро намуда, дар ҷодаи касби душвор, аммо пуршараф ба онҳо муваффақият таманно намуданд.

  Дар чорабинии мазкур 5 нафар барои хизматҳои шоёни сарҳадии афсарони қисми низомии 0409  бо Ифтихорномаҳои раиси ноҳия қадрдонӣ кардашуданд.  

  Сипас,раиси ноҳияи Дарвоз ва ҳайъати ҳамроҳон бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан аз ҳолати хизмати сарбозону афсарон аз ҷойи хоб, ошхонаи сарбозон ва маркази таълимии қисми сарҳадӣ дидан намуданд.

   Дар охир ба сарбозону афсарон дастархони идона ороста шуд.

 



Омори сомона

MOD_VVISIT_COUNTER_VERROR_101