Таҷлили 80-солагии Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар деҳаи Ушхарв
9 май дар деҳаи Ушхарви Ҷамоати деҳоти Нулванд бахшида ба 80 -солагии Рӯзи Ғалаба бар фашизм маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Сараввал узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳия Носирзода Умедҷон Саидҷон ҳамаи иштирочиёнро ба ин ҷашни таърихӣ табрику муборакбод намуда, аз ҷонисориҳои қаҳрамононаи абармардони Ватан суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар ин рӯз ба кори сохтмони роҳи маҳаллӣ, ки бо саҳми соҳибкорон ва сокинони маҳал сохта мешавад, оғоз бахшида шуд. Инчунин, мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол байни дастаҳои ноҳия ташкил карда шуда, дар сатҳи олӣ баргузор карда шуд.