Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Табрикоти иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон бахшида ба «Рӯзи Модар»

Nosirzoda U S

 

Модарону бонувони гиромӣ.

 

Ҳозирини арҷманд!

 

Боиси ифтихору фараҳмандист, ки ҳамасола дар саросари кишвари азизамон бо расидани пайки нахустини баҳори оламафрӯз ҷашни ҳамқадами он Рӯзи Модар бо як шукуҳу шаҳомати беандоза бо фараҳу шодмонӣ таҷлил мегардад.

 

Ба ин муносибат, аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи Шуморо самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори босаодат орзу менамоям.

 

Зан-Модар ибтидои ҳастии башарият, маҳзани меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат аст.

 

Ҳамасола дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону модарон мебошад.

 

Модарон арзандаи ҳама гуна эҳтирому дӯстдорианд, чунки офаридаи аҳли башар, файзбахши меҳру сафои зиндагӣ, Зан-Модар аст.

 

Модар мавҷудест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ӯро бо шири сафеду ҷонбахшаш ва бо муҳаббате, ки танҳо ҳисси модарон аст, тарбия мекунад, ба камол мерасонад ва ба чорсуи зиндагӣ дӯои нек медиҳад.

 

Бинобар ин, арҷ гузоштан ба бузургии модар, ба ҷо овардани иззату эҳтироми ӯ ва расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзи он вазифаи ҷониву имонии ҳар як фарзанди солимфикру соҳибхирад ва қарзи инсонии ҳар як фарди бо нангу номус ба шумор меравад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои худ вобаста ба шукӯҳ ва азамати модарон чунин қайд кардааст: “Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро меҷунбонад”.

 

Инсон дар ҳаёти худ дар сурате ба комёбиву муваффақият ва зиндагии бобаракат муяссар мегардад, ки дуои неки модар ва падарро гирифта, ба қадри ранҷу заҳмати волидайн, дилсӯзиву ғамхории онҳо ва шири сафеди модар расида бошад.

 

Тазаккур медиҳем, ки масъулияти фарзандон барои нигоҳубин ва таъмини иҷтимоии падару модар дар моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дарҷ шудааст. Яъне, мо бояд ба падару модари худ дар вақте, ки онҳо зинда ҳастанд, хизмат ва меҳрубониву ғамхорӣ кунем, онҳоро дӯст дорем, ҳамаҷониба нигоҳубин намоем ва нагузорем, ки падару модари мо хору зор шаванд.

 

Ҳамдиёрони азиз!

 

Занон- Модар оинаи чеҳранамои миллат аст. Дар урфият гуфтаанд, ки: “Агар хоҳӣ, ки ба фарҳангу маърифати миллате баҳо диҳӣ, ба чеҳраи занону модарони он миллат нигар”. Мо ифтихор дорем, ки имрӯз модарон ва занону бонувони тоҷик дар ҷомеа мавқеи устувор доранд, барои пешрафти давлат саҳми босазо мегузоранд ва нақши созандаи худро барои ободии Ватани азизамон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.

 

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба мақом ва ҷойгоҳи иҷтимоии занону бонувон дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва пешрафти давлат ва ободии Ватан эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, нақши занону модаронро дар эъмори ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва таҳкими сулҳу субот хело бузург мешуморад.

 

Ҳукумати Тоҷикистон бо дар назардошти нақш ва саҳми созандаву бунёдкоронаи занону духтарон барои онҳо фазоеро ба вуҷуд овардааст, ки озодона таҳсил ва кор кунанд ва дар ҳама соҳаҳо баробари мардон фаъолият намоянд.

 

Ҳоло тибқи дастури Роҳбари давлат бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030” таҳия гардидааст.

 

Дар маҷмӯъ, имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳо дар ноҳияи Дарвоз 34,3 фоизи кормандони идораю муассисаҳоро занону бонувони кордону лаёқатманд ташкил медиҳад.

 

Ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарон ва занону бонувон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардонидани духтарон аз ҷумлаи вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад. Бо мақсади рушду тавсия бахшидан ба фаъолияти соҳибкории занон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати дастгирии соҳибкории занон ба тавсиб расидааст, ки ҳамасола занону бонувони мо низ аз он бархурдор мешаванд.

 

Модарону бонувони азиз!

 

Соҳиби ахлоқу одоби ҳамида гардонидани фарзандон ва ба зиндагии мустақилона омода кардани онҳо, яъне омӯзонидани нозукиҳои зиндагии оилавӣ низ вазифаи модарон мебошад. Модарон бояд аз ҳарвақта дида, ба тарбияи фарзандони худ таваҷҷуҳи махсус равона намуда, онҳоро дар рӯҳияи пос доштани арзишҳои неки ахлоқӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва хизмат ба Ватан-Модар тарбия намоянд.

 

Фаромӯш набояд кард, ки мардуми куҳанбунёди мо аз замонҳои қадим то ба имрӯз сарфаю сариштакориро асоси баракати зиндагӣ ва осоиши хонадон медонанд.

 

Модарони азиз бояд духтарони худро соҳиби касбу ҳунар, саводу маърифат, илму дониш ва ҳунарманду кадбону кунанд, то ки дар зиндагиву рӯзгори оиладорӣ ба азобу душворӣ рӯ ба рӯ нагарданд.

 

Дар шароити вусъат пайдо намудани таҳдиду хатарҳо, аз қабили терроризуму экстромизм ва ифротгароӣ бо насиҳат ва эҳсоси муҳаббати модаронаи худ наврасону ҷавононро аз ин таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир огаҳ созанд ва нагузоранд, ки фарзандони бо ҳазор ранҷу заҳмат парвардаи онҳо бадкирдору бадбахт шаванд. Зеро ба ҷуз модар каси дигар аз дили фарзанд огоҳ нест ва фарзанд низ модарро беҳтарин ва нахустин муаллими ҳаётии худ медонад.

 

Мо таманно менамоем, ки модарон доимо зери сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соябони сари мо бошанд.

 

Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек ҳамаи Шумо модарону бонувони азизу меҳрубону арҷмандро ба ифтихори Рӯзи Модар ва фарорасии баҳор самимона ва сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо нуру сафо, сулҳу оромӣ, хушбахтиву икболи нек ва файзу баракатро орзу менамоям.

 

Рӯзи Модар ва пайки баҳори оламафрӯз муборак, модарону бонувони азиз!

 



Омори сомона

1321761
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
384
476
2702
1315378
11721
23181
1321761