Ситоди ноҳиявӣ баргузор карда шуд
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои МИҲД-и ноҳияи Дарвоз имрӯз таҳти роҳбарии сардори Ситоди доимамалкунанда оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ-раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода С.С бо иштироки аъзоёни ситод, кормандони дастгоҳи раис ва МИҲД-и ноҳия, роҳбарони марказҳои тандурустӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва идораю муассисаҳо машварат баргузор карда шуд.
Сараввал сардухтури беморхонаи маркази Давлатшоев Иматшо вобаста ба вазъи имрӯза дар доираи пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ба хусус пандемияи каронавирус маълумот дода, қайд кард, ки хушбахтона ба ҳолати имрӯза дар ноҳия ягон нафар бо чунин ташхис ба қайд гирифта нашудааст.
ӯ қайд намуд, ки дар беморхона танҳо 1 нафар бо ташхиси плевманияи дутарафа бистарӣ карда шудааст, ки ҳолаташ хуб арзёбӣ мегардад.
Баъдан, Абдурасул Назаров-директори маркази саломатии ноҳиявӣ низ суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҳамарӯза аз ҳисоби кормандони марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои деҳотӣ оид ба вазъи саломатии мардум маълумот гирифта мешавад.
Баъди шунидани ахбороти сардухтур ва мудири КАТС раиси ноҳия андешаҳои худро баён намуда, аз дохилшавии зиёди одамон ба ноҳия изҳори нигаронӣ намуд ва ба масъулин супориш доданд, ки шахсони воридгардидаро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд. Бо маълумоти дастрасгардида, дар давоми рӯзҳои аз 1-уми май то субҳи имрӯз 1783 нафар дохили ноҳия гашта, маскун шудаанд. Дар ҷамъ, тавассути ноҳияи Дарвоз дар рӯзҳои болозикр зиёда аз 10000 нафар гузаштаанд.
Раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода С.С барои таъсис додани гуруҳи корӣ вобаста ба гашти хонагӣ ва амалигардонии корҳои фаҳмондадиҳӣ супориш доданд.
Дар охир раиси ноҳия аз ҳамаи ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки дар ин кор худро бетараф нагирифта, дастаҷамъона кор баранд ва қайд намуданд, ки МИҲД-и ноҳия кӯшиш менамояд, ки баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода намоянд.