Шикасти Берлин: оё роҳбарони ТЭТ ҲНИ ва хоҷагони онҳо аз гирдиҳамоии нокоми худ дар Берлин сабақҳои зарурӣ мегиранд?
«Гирдиҳамоии бузург» ба шармандагии бузург табдил шуд
Ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки аз нақшаҳои бадхоҳонаи худ дар муқобили мардум ва давлати Тоҷикистон даст кашиданӣ нест, охирин имкониятҳои худро ҷамъ карда, 10-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Берлини Олмон «гирдиҳамоии тоҷикони муқими Аврупо»-ро ташкил карданӣ шуд.
Бо ин мақсад, ТЭТ ҲНИ тамоми расонаю сомонаҳои наҳзатӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро ба кор гирифта, маъракаи густурдаи таблиғотӣ барои ҷалби мардум ба ин ҳамоишро ба роҳ гузошт. Фаъолони наҳзатӣ бо тамоми тавон мардумро чанд ҳафта «ба сӯи Берлин!» даъват карда, номи ин ҳамоишро «Гирдиҳамоии бузурги тоҷикони муқими Аврупо» гузоштанд.
Аммо чун соати 10:00-и рӯзи 10.12.2018 фаро расид, дар бахши пиёдагарди хиёбони муқобили Сафорати Тоҷикистон дар Берлин ҳамагӣ 20-25 нафар наҳзатӣ ҷамъ омада буданду халос. Ҳамоҳангсози иҷроии ин ҳамоиш Маҳмадсаид Ризоӣ бо асабоният ба ин тарафу он тараф занг мезад, ки куҷоянд аъзёну фаъолон? Куҷост худи Раиси ҲНИ? Куҷоянд аъзоёни ваъдакардаи «Гурӯҳи 24»? Дар ниҳоят, наздики соатҳои 12:00 Раиси ҲНИ М.Кабирӣ бо чанд нафар ҳамроҳонаш ва зану фарзандони онҳо пайдо шуданд ва то нисфирӯзӣ теъдоди иштирокчиёни ин гирдиҳамоӣ ба ҳудуди 30 нафар расид. Барои таъмини «сиёҳии лашкар» наҳзатиён зану кудаконашони хурдсолашонро низ бо худ оварда буданд. Ҳирси сиёсӣ онҳоро ба сатҳе кӯр карда буд, ки ҳатто кудакони хурдсолро ба низои сиёсӣ кашида буданд.
Бахши дуюми гирдиҳамоӣ пас аз нисфирӯзӣ дар назди бинои парламенти Олмон – Бундестаг идома кард. То он вақт наҳзатиҳо дӯстони турку араб ва ҳатто роҳгузарони маҳаллиро ҷалб карда, теъдоди иштирокчиёни «гирдиҳамоии бузург»-ро афзуданд. Ҳамин тавр, дар соати авҷи он дар назди Бундестаг ҳамагӣ 35-40 нафар тоҷикон ва чанде тамошобинон дар гирдиҳамоӣ иштирок карданд.
Худи ҳамин холӣ мондани сафҳои «гирдиҳамоии бузург»-и наҳзатӣ аввалин шикасти наҳзатиён дар «тарҳи Берлин» буд. Зеро, мувофиқи оморҳои гуногун, имрӯз дар кишварҳои аврупоӣ ҳудуди 20 000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ ва ё таҳсил мекунанд. Танҳо тибқи номнависи СММ дар соли 2018, ҳоло дар Аврупо ҳудуди 10 000 нафар тоҷикон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд. Пас, иштироки ҳудуди 30-40 нафар аз онҳо дар гирдиҳамоии наҳзатӣ нишон медиҳад, ки ин иқдоми зиддимиллии онҳо аз тарафи ҳатто 0,001% аз тоҷикони муқими кишварҳои Аврупоӣ дастгирӣ наёфт! Ҳамин тавр, нақшаи «гирдиҳамоии бузург» ба шиксти бузург ё шармандагии бузурги наҳзатиён табдил шуд.
***
Чаро роҳбарияти ҲНИ озодии наҳзатиёни худро талаб накард?
Яке аз муаммоҳои ин гирдиҳамоӣ ин буд, ки роҳбарони ТЭТ ҲНИ бо маслиҳати хоҷагони худ дар тамоми суханрониҳо ва лавҳаю шиорҳояшон, пеш аз ҳама озодии се шахс - Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров ва Маҳмадалӣ Ҳайитро талаб карданд. Дар матни Қатъномаи гирдиҳамоӣ низ номи ҳамин се нафар зикр шуд. Аммо озодии ҳудуди 20 нафар аз аъзои Раёсати Олӣ ва фаъолони ҲНИ-ро, ки имрӯз дар зиндонанд, дар мадди аввал нагузоштанд.
Сабаби чунин тактикаи М.Кабирӣ дар он аст, ки Зайд Саидов дар ҷомеа ҳамчун тоҷир ва Бузургмеҳр Ёров ҳамчун адвокат шинохта шуда, онҳо ҳаргиз наҳзатӣ нестанд. М.Ҳайит бошад, афсари собиқи хадамоти кашфи Иттиҳоди Шӯравӣ буда, баъдан ба таври мармуз ба ҲНИ пайвастааст. Бинобар ин, М.Кабирӣ бо талаби озодии ин се нафар мехоҳад худро демократу озодихоҳ нишон дода, наҳзатӣ будани худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ пӯшонад. Ӯ нағз медонад, ки талаб кардани озодии аъзои раёсати ҲНИ, ки дар амалҳои террористӣ даст доранд, барояш ногувор ва ҳатто хатарнок аст. Яъне, М.Кабирӣ ва ду-се атрофиёнаш дар пушти номи ин се нафар зиндонии ғайринаҳзатӣ пинҳон шуда, мехоҳанд чеҳраи наҳзатию террористии худро дар назди аврупоиён паноҳ доранд. Дар ин маврид М.Кабирӣ ба тарзи номардона аз номи ин се нафар сӯиистифода карда истодааст.
Илова бар ин, талаби озодии наҳзатиёни террорист акнун ба имеҷи навсохтаи М.Кабирӣ ҳамчун «Раиси Паймони миллии Тоҷикистон» халали ҷиддӣ мерасонид. Зерӯ ӯ акнун мехоҳад, ки ӯро на Раиси ҲНИ, балки ҳамчун Раиси МПТ ном баранд. Ҳамин тавр, М.Кабирӣ бори дигар барои манфиати худ наҳзатиҳоро фурӯхта, ҳатто аз бурдани номи онҳо худдорӣ кард.
***
Оё дар ҳақиқат М.Кабирӣ дар Берлин «хунук хӯрд»?
Муносибати шахсии М.Кабирӣ бо иштирокчиёни ин гирдиҳамоӣ низ хеле тааҷҷубовар буд. Аввалан, ӯ ба гирдиҳамоӣ қариб якуним соат дер омад. Сипас, бо чашмони хоболуд ҳамагӣ 4-5 дақиқа суханронии пароканда карда, дар ҳалқаи атрофиёнаш зуд аз ҷойи ҳамоиш ғайб зад. Ҳамдами асосияш Шамсиддин Саидов ин рафтори Кабириро ба ҳозирон шарҳ дода, таъкид кард, ки «Раис хунук хурданд, Раис бояд раванд, бачаҳо, Шумо давом додан гиред.» Ҳозирони аблаҳ бо нигоҳҳои пур аз савол мепурсиданд, ки «ҳама дар фазои сард истодаем, чаро фақат М.Кабирӣ хунук мехурдааст?»
Аммо ҳолдонон ин тарзи муносибати М.Кабирӣ бо ҲНИ-ро хуб медонанд. Зеро наҳзат ва наҳзатиён барои вай ҳаргиз ҳамдилу ҳамфикронаш набуданд, балки вай ин ҳизбро дар вақташ бо ҳилаи худу бо таҳдиди силоҳи Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ба аъзои Раёсати ҲНИ ба даст гирифта, дар хизмати манфиатҳои шахсии иқтисодӣ ва сиёсии худ қарор дода буд ва аст. Ин аст, ки имрӯз ӯ бо истифода аз номи ин ҳизб тамоми авлод ва хешу табори худро ба кишварҳои аврупоӣ бурда, дар ҷойҳои гарм ҷобаҷой кардааст. Аммо садҳо аъзои қатории ҲНИ имрӯз дар кишварҳои гуногуни олам сарсону саргардонанд. Ниме дар оворагию муҳоҷират ва ниме дар зиндону боздоштҳо. Аммо, М.Кабирӣ, ки авлоди худро кайҳо «ҷобаҷо» кардааст, дар бораи сарнавишти наҳзатиён дигар парвое надорад. Ҳамин тавр, фоҷеаи дигари ТЭТ ҲНИ дар он аст, ки худи роҳбараш ба он хиёнат карда, ҳизбу аъзои онро партофта, ба «сафари Фаранг» баромада, ба тиҷорату истироҳати аврупоии худ машғул аст.
***
Ҷамъомади Берлин «гирдиҳамоии тоҷикон» набуд…
Дар рафти маъракаи таблиғу ташкили гирдиҳамоии Берлин наҳзатиён бо истифода аз авомфиребии сиёсӣ калимаҳои «тоҷикон», «мардум», «ташкилотҳо», «созмонҳо», «рӯшанфикрон» ва ғайраро истифода мебурданд. Мувофиқи сенария бояд вазъиятро тавре ҷилва медоданд, ки гӯё дар ин гирдиҳамоӣ қишру доираҳои васеи ҷомеа иштирок мекунанд. Аммо нигоҳе ба таркиби иштирокчиён нишон медиҳад, ки боз ҳам ҳамон наҳзатиён ва муздурони зархариди онҳо гирди ҳам омада, худашон бо худашон шиор доданд.
Митинги ТЭТ ҲНИ будани ин гирдиҳамоиро баргузории ҷаласаи тадорукотии он низ пурра исбот намуд. Як ҳафта пеш аз ташкили гирдиҳамоӣ, рӯзи 5-уми декабр азои кумитаи ташкилии он дар Берлин маҷлисеро ташкил карданд, ки дар амал ҷаласаи роҳбарияти фирории ҲНИ буд. Дар он вохӯрӣ М.Кабирӣ мақсади гирдиҳамоиро ба ҳозирон фаҳмонда, вазифа ва масъулиятҳоро байни онҳо тақсим намуд. Мазмуни баромади дарози М.Кабирӣ чунин буд: Шумо ду автобус ташкил карда, одамонро аз фалон ҷойҳо мерасонед ва баъд аз тамом шудани митинг ба ҷойҳояшон мебаред, Шумо сад адад банеру плакту шиорҳои ранга ташкил мекунед, Шумо бехатарии гирдиҳамоиро таъмин мекунед, Шумо чойи гарм ва ягон хӯроки сабук (бутерброд) ташкил мекунед, Шумо баладгӯяк ва наворбардорӣ ва пахши интернетиро ба ӯҳда мегиред, Шумо ва Шумо баромад мекунед ва чунин суханонро мегӯед... ва ғайра. Яъне, М.Кабирӣ ба наҳзатиён ва ташкилотҳои сохтаи худ бевосита супориш дода, роҳбарии пурра митингро дар даст дошт.
Пас аз баромади М.Кабирӣ хазинадори ӯ Махсуми Абдусаттор портфели пулҳоеро, ки аз тарафи хоҷагон ва фармоишгарон барои ин гирдиҳамоӣ ҷудо шуда буд, кушода ба ҳар кас мувофиқи вазифа тақсим мекард. Наҳзатиён ва аъзои ташкилотҳои сунъии сохтаи наҳзат чун дар фурӯшгоҳ қатор истода, ҳаққи худро барои иҷрои супориш мегирифтанд...
Худи ҳамин маҷлис ва ҳамин саҳна нишон медиҳад, ки гирдиҳамоии Берлинро на «тоҷикони муқими Аврупо», на «ҷамъе аз созмонҳои мухолифи давлат», балки худи ТЭТ ҲНИ бо тарҳу маблағгузории хоҷагони маълумаш ташкил ва роҳбарӣ намуд. Аммо ташкилотҳои дигаре, ки бо дастури роҳбари ҲНИ ташкил шудаанд, мувофиқи супориши М.Кабирӣ ҳамчун зерсохторҳои таркибии ҲНИ дар ин гирдиҳамоӣ иштирок карданд.
***
Оё ТЭТ ҲНИ ва хоҷагони он аз шиксти Берлин сабақ мегирифта бошанд?
Инак гирдиҳамоии Берлин ҳам баргузор шуд. Ҳаёҳӯи наҳзатиҳо ҳам гузашту чун дуди беасар ба осмон пароканда шуду рафт. Акнун роҳбарияти ТЭТ ҲНИ ҳисоботҳои заруриро тартиб дода, самтҳои харҷи маблағҳои гирифташуда ба хоҷагон гузориш медиҳад. Маблағҳои боқимонда ва даромади наҳзат аз ин чорабинии сиёсию тиҷорӣ низ ҳисобу китоб мешавад. Шояд М.Кабирӣ ҳоло хурсанд бошад, ки фалон қадар хол ба номашу фалон қадар пул ба ҳисобаш илова шуд.
Аммо оё хиради наҳзатиён ба ин мерасида бошад, ки гирдиҳамоии нокоми Берлин паёме аз охири кори ТЭТ ҲНИ буд? Оё инро ҳам ҳисоб мекарда бошанд, ки бо вуҷуди ҳафтаҳо таблиғу ташкил, ба даст наовардани дастгирии ҳатто аз ҳазор як фоизи тоҷикони муқими Аврупо худ шикасти ниҳоии ТЭТ ҲНИ аст? Оё дарк мекарда бошанд, ки ин ҳолат ифодагари ба маънои безории мардум аз ин гурӯҳаки экстремистию террористӣ мебошад?
Аз тарафи дигар, шармандагии Берлин барои хоҷагони ҲНИ низ паём ва сабақи ҷиддӣ дошт. Яъне, маблағгузорӣ болои ин гурӯҳи террористии аз тарафи халқ мардудшуда ягон оянда надорад. Яъне, маблағҳои ҳангуфти Шуморо як гурӯҳаки тоҷирони бисёр ботаҷриба бо ҳар ному унвоне ба коми худ зада истодаанд. Чоргонаи тиҷоратии ТЭТ ҲНИ - М.Кабирӣ, А.Бобоев, Ш.Саидов ва М.Ризоӣ як амалиёти тиҷории дигар анҷом доданд. Онҳо дар давраи дар Тоҷикистон буданашон ҳам ба ҳамин кор машғул буданд, имрӯз ҳам. Маҳз ҳамин ҳисси тиҷорӣ буд, ки онҳо саривақт гурехта, наҷот ёфта тавонистанду ҳамҳизбиёни гумроҳи худро фурӯхтанд. Пас вақти он аст, ки «оқоёни муҳтарам» низ маблағгузорию такя ба ин ҳизби мардудро бас карда, рӯ ба хирад оваранд. Зеро идомаи дастгирии ин корти сӯхта ҳаргиз ба манфиати оқоён низ нест. Яъне вақти он аст, ки аз ин шикасти бузурги Берлин сабақи зарурӣ гирифта шавад.
Аммо, афсус, ки фақат хирадмандон сабақ мегиранд!
Фаридуни Ориё, таҳлилгар