Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Посухе ба Кӯри наҳзатӣ - Саидюнус

Xангоми варақ задани саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо чашмам ба навиштаи иғвобарандози кўри наҳзатӣ ва мазҳабфурӯш Кӯри Сайидюнус (аз истифодаи насаби «Истаравшанӣ» худдорӣ мекунам, зеро алоқаманд намудани ин шахси ҳуввиятгумкарда ва ватанфурӯш бо номи ин шаҳри бостонӣ таҳқир ба Истаравшану истаравшаниҳост)  бархўрд.

Аз хонандагони гиромӣ маъзарат мехоҳам, ки чунин истилоҳоти сахтеро истифода мебарам, вале ҳар чизе ва касеро бо исми худаш бояд номбурд. Агар кўр намебуд, рўйирост воқеиятро таҳриф ва ҷониби  Ватани аҷдодии худ санги дурӯғину бофтаи маломатро намепартофт.

Ӯ 24 соат дар шабонарӯз дар кофтукоб аст, ки кадом дурӯғи тозаеро пайдо кунаду нисбати зодгоҳаш, нисбати замине, ки хуни нофаш рехтааст паҳн созад. Олами рангини Тоҷикистонро дар назди онҳое, ки сиғааш кардаанду даст ба даст, беранг созад. Ва соҳиби қути лоямуте гардад. Маблағи ба қавли эшон «бихур-намур»-ашонро дарёфт намояд.

Ин дафъа буҳтону тавҳинашро бар риштаи зуннори мазҳаби охундиаш алайҳи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва роҳбари ин даргоҳи  илм чидааст. Албатта, ин андешаҳо моли худи Кӯри Саидюнус набуда, ҳамон афкоре ҳастанд, ки дар мағзаш ҷо мекунанду аз забонаш бурун мекашанд. Супоришест, ки иҷро мекунад (накунаду бинад, дар нишемангоҳи қоқу хурдашудааш ончунон шатта мезананд, ки чашмони хирааш аз ҳадақа боз бештар берун мебароянд).

Гуноҳи сарвари нави Академияи илмҳо танҳо якест: Ӯ аз дилу ҷон Ватанашро дӯст медорад, барои пешрафту тавсеаи он мекӯшад, самти фаъолияти Академияро ҷониби рушди илм, кашфи технологияҳои муосир баргардонид. Ӯ дари ин боргоҳи муқаддасро барои онҳое, ки мехостанд ҷойгоҳи илму донишҳои дунявиро бо андешаҳои хурофотиву  хурофотпарастона  тасарруф намоянд, баст. Дар ин рӯйхат, онҳое, ки Кӯри Юнус парастишашон мекунад, шомил буданд.

Ин тоифаи кўрназаре чун Саидюнус, ки ғолибан фурсатталабу иғвогаранд, муқтазои табиаташон ин аст, ки ҳар гоҳ бо давлатҳо, гурўҳҳо, созмонҳои худиву бегона ҳампаймон мешаванд ва чун  хумори нафсу ҷои дигарашон шикаст, рӯ тарафи дигар мегиранд. Сиёсат ва технологияи сиёсию мазҳабии наҳзатиҳо - саидюнусҳост. Инҳо ва махсусан, кӯри Саидюнус дар чоҳи беҳаёгӣ, шармандагӣ ва беномусӣ ғалтидаву гум шудаанд.

Пардаи чашми чунинҳо ончунон ғафс гаштаву биноишашонро тира сохтааст, ки онҳо оғози кори НБО-и Роғун – иншоотеро, ки тоҷикҳо не, итолиёиву немису русу узбек Мӯъҷизаи Аср ва Тамаддуни Зеризаминиаш хонданд, намебинанд. Барои онҳо муҳим айбҷӯист, чун наёфтанд айббофист.

Кӯри Саидюнус ва хоҷагони охундаш аслан бояд аз овардани номи Академияи илмҳо ба забонашон шарм кунанд. Магар ҳаминҳо набуданд, ки ба таври ваҳшиёна ходимони шинохта ва дар ҷаҳон маъруфи илми тоҷик Осимӣ, Исҳоқӣ, Ғуломов ва даҳҳо нафари дигарро кушта,  мехостанд ба ин васила равшании ситораи илми тоҷикро тира ва ақли миллатро тира созанд. Тоҷикро ба ҷаҳолатистони асри миёна баргардонанд.

Аслан ба беномусе чун Кӯри Саидюнус набояд сари баҳс нишаст, чунки ба ин намеарзад. Ӯ гумон мекунад, ки ҳама аллакай фаромӯш кардааст, ки чӣ гуна зани худаш, як оҷизаи бегуноҳу бехабарро қурбонии «ҷосусбозӣ»-ҳои худу  охундонаш кард.

Дар хобу хаёли ин кӯр некӣ ҷой надорад. Бо тавлидкунандагони бадӣ дар никоҳи сиға аст. Бояд танҳо ва танҳо аз охунди шиа улгу тарошаду аз фарзанди ҳаромиашон – ташкилоти террористии наҳзати исломӣ.  Аз онҳо намуна сохтанӣ мешавад, дар бораашон афсона мебофад. Буду набудашро нисори ин ҳизби пўсида ва террорист мекунад. Чунки дастури хоҷагонаш ҳамин аст. Охундон, ӯ ҲНИ робитаи танготанги ақидатӣ, фикрӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, молиявӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ доранд. Аз роҳи пуштибонии  ин ташкилоти террористӣ луқмаи нон меёбад. Ин ҳаёти кӯронаи ӯст - дар роҳи таблиғу ташвиқи ин ҳизби террористӣ умр ба сар мебарад, ба умеде, ки рўзе дасти буридаи террористони наҳзатиро боз дар ҷомеаи тоҷик дароз бубинад.

Вале ҳаргиз ба ормонаш нахоҳад расид расид. Ҷомеаи тоҷик аз иғвою дасисаҳои террористони наҳзатӣ ва кӯрони таблиғгараш то таги гулў сер шудааст ва нахоҳад гузошт, ки ҳизбе ифротгаро ва террорист бо пуштибонии кӯрназару кӯрдилоне аз қабили Саидюнус саҳифаи сафедии таърихи миллиро бо доғи беҳувиятӣ сиёҳ намоянд. Бо як ишора шоир:

Ҳар кӣ ҳақро ў надид аъмо бувад,

Ҳарфи аъмоӣ чӣ бемаъно бувад! (аъмо - кӯр)

Фаридуни Нурзод



Омори сомона

1321671
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
294
476
2612
1315378
11631
23181
1321671