Паём – қутбнамои инкишофи ҷомеа
Санаи 29-январи соли 2021 дар асоси нақша-чорабиниҳои бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и ноҳияи Дарвоз вобаста ба нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имомхатибон ва сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамаотҳои деҳоти Нулванд, Қалъаихум, Вишхарв вохўри доир карда шуд.
Дар чорабинӣ муовини якуми раиси ноҳияи Дарвоз, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и ноҳия, ваколатдори фаврии шуъбаи Раёсати КДАМ дар ноҳия, директории маркази санитарию эпидемиологии ноҳия иштирок ва суханронӣ намуда, оид ба иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Оллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, масъулин вазифадор гардид, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳоро бо сифат баланд таъмин намоянд.