Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон -Ватани азизи ман” дар ноҳияи Дарвоз

 tojikiston vatani azizi man 5

Рӯзи 20-июни соли 2019 дар толори МИҲД-и ноҳия озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон -Ватани азизи ман”  баргузор гардид.

 

Дар озмуни мазкур муовин раиси ноҳия Дарвоз Мирзозода З, намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Иброҳизода, сармутахассиси шуъбаи фарҳанги вилоят Одинаев С,  сардори идораи телевезион ва радиои вилоят Шодиев М, кормандони дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳои МИҲД-и ноҳия ва сардорони идораю муассисаҳо иштирок намуданд.

 

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман” 25 нафар дар наминатсияҳои пешбинишуда иштирок намуда, ҳунари худро пешкаши аъзои ҳакамон ва тамомшибинон гардониданд.

 

Аз рўи низомномаи озмун аъзои ҳакамон ба ҳунари иштирокчиён баҳогузорӣ намуда, дар охир аз руи наминатсияҳои озмун чунин баҳогузорӣ намуданд:

 

Наминатисияи ровӣ - Файзонаи Умарҷон сазовори ҷойи якум,  Саъдонзода Аюб Каримҷон  созовори ҷойи дуюм ва Рисолати Анваршо сазовори ҷойи сеюм;

 

Наминатсия шоир – Абдураҳмонова Малика сазовори ҷойи якум, Одинаева Дилангез сазовори ҷойи дуюм ва Гулангези Пулод сазовори ҷойи сеюм;

 

Наминатсияи сарояндагӣ - Давлатов Амирҳамза сазовори ҷойи якум, Худоидоди Хушқадам сазовори ҷойи дуюм;

 

Жанри эстрадӣ - Ганҷали Пирмуҳаммад сазовори ҷойи якум, Амирбекзода Фируз сазовори ҷойи дуюм;

 

Наминатсияи навозандагӣ - Файзиддини Ҷаъфар сазовори ҷойи якум, ва гуруруҳи чорнафара навозиш бо асбобоҳои зарбӣ Зафарзод Фирдавс, Ҳомидов Ҳомидҷон, Султозода Барзу ва Мансури Иқболшо сазовори ҷойи дуюм  гардидиданд.


Сармутахассиси шуъбаи

рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

дастгоҳи раиси ноҳия Мирзоев С

 

 



Омори сомона

1344387
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
305
368
305
1339664
16176
18171
1344387