Озмуни«Фурӯғи субҳи доноӣ…
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019, АП- 1165 ва рафти иҷрои қарори раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз 1 марти соли 2019, №82 ва иҷрои қарори раиси ноҳияи Дарвоз аз 18 марти соли 2019, №146 «Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Фурӯѓи субҳи доноӣ…» санаи 08.06.2019 дар қасри фарҳанги ноҳия давраи якуми озмуни мазкурро байни муассисаҳои таълимии №1,4 ва 40 баргузор намуд.
Дар ин озмун хонандагони муассисаҳои таълимии номбурда иштирок намуда, рӯйхати китобҳои мутолиа кардашудаи худро пешкаши аъзои ҳакамон карданд.
Сипас, аз рӯи номинатисиҳои озмун хонандагон шеърҳои аз бар намуди хешро аз ашъори шоирони классик, муосир ва ҷаҳон қироат намуда, доир ба китобҳои мутолиа кардаи хеш маълумот доданд.
Инчунин, аъзои ҳакмон ба онҳо аз рӯи низомномаи озмун саволу ҷавоб намуданд ва дар охир 6 нафар хонанда ба даври ноҳиявии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд.