Баргузории озмуни «Беҳтарин ровӣ»
Дар асоси мактуби раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз 01.05.2019, №236 дар бораи озмуни «Беҳтарин ровӣ» таҳти унвони «Санои Ватан», ки бахшида ба ҷашни 22- юмин солгарди Ваҳдати миллӣ ба нақша гирифта шуда буд, рӯзи 10.06.2019 дар толорои Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки хоҳишмандони синну соли гуногун аз 18 то 30 сола, ки зиёда 15 нафарро ташкил менамуданд, дар сатҳи баланд баргузор карда шуд.
Баҳогузории озмун аз рӯи низомнома сурат гирифта, як нафар хонанадаи синфи 11-и муассисаи таълимии №3 Файзонаи Умарҷон сазовори ҷойи якум гардида, роҳхати давраи сеюми вилоятиро ба даст овард.
Инчунин, Бадалзода Фируза хонандаи МТМУ-и №40 сазовори ҷойи дуюм ва Давлатҷонов Ҳайдар хонандаи МТМУ–и №6 сазовори ҷойи сеюм гардиданд.