Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Оғози сохтмони майдончаи варзишӣ дар деҳаи Паткуноб

Patknov stadion
Имрӯз раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон аз рафти оғози сохтмони майдончаи варзишӣ дар деҳаи Паткуноб, ки бо ташаббуси ҷавонон ва сокинони деҳа сохта мешавад, дидан намуданд. Зимни суҳбат раиси ноҳия аз иқдоми пешгирифтаи сокинон изҳори хушнудӣ намуда, таъкид карданд, ки ҳамаи ин корҳо дар доираи сиёсати созандаву бунёдкорона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анҷом расонида шудаанд.
Дар ифтитоҳи майдончаи варзишӣ, инчунин футболбозони тимии миллии футзали Тоҷикистон Комрон Алиев, Фирӯз Бекмуродов ва Фирӯз Муборов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси ноҳия таъкид намуданд, ки мо бояд сиёсати созандаву бунёдкорона ва вазишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, барои пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор бошем.

 



Омори сомона

1952467
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
850
1021
8017
1935617
46299
51964
1952467