Мулоқот бо фаъолони ноҳияи Дарвоз
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз бо ибтикори раиси Ҷамъияти тоҷикони вилояти Иркуски Федератсияи Русия Маликшоев Муриватшо вохурӣ баргузор карда шуд.
Саравал, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон ба сухан барома, қайд намуданд, ки имрӯз фарзандони бо нангу номуси диёри Дарвоз бо кору пайкори некашон дар байни дигар қавму миллатҳои гуногун дар Федератсияи Русия кору фаъолият намуда истодаанд.
Зикр намуданд, ки мо бояд пайваста ҷавононеро, ки дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия кору фаъолият менамоянд, зери назорат қарор дода, кӯшиш ба харҷ диҳем, ки онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав шомил нагардида, баҳри ободу зебо гардонидани маҳали зисташон саҳмгузор бошанд.
Баъдан, раиси Ҷамъияти тоҷикони вилояти Иркуски Федератсияи Русия Маликшоев Муриватшо дар бораи кору фаъолият ва зисту зиндагонии ҳамватанонамон, ки қариб дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ин вилоят кору фаъолият доранд, ёдоварӣ намуданд. Ҳамзамон, дар бораи донишҷуёни тоҷик, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои олии ин вилоят дар соҳаҳои гуногун таҳсил намуда истодаанд, дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, ки дар байни муассисаҳои олӣ ташкил ва гузаронида мешаванд, сухан намуда, қайд намуданд, ки ин ҷавонон бо ин роҳҳо Тоҷикистони азизамонро дар байни дигар миллатҳо бо расму ойин ва ҳунарҳои қадимаи ниёгонамон муррифӣ менамоянд.
Сипас, аз тарафи раиси Ҷамъияти тоҷикони вилояти Иркуски Федератсияи Русия Маликшоев Муриватшо ба раиси ноҳияи Дарвоз ва як қатор фаъолон Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Мулоқот дар сатҳи баланд баргузор карда шуд.