Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Машварати назоратии назди раиси ноҳияи Дарвоз баргузор гардид

maj n 10
Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки муовинони раис, кормандони дастгоҳи раис, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва сардорони идораю муассисаҳо маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия баргузор карда шуд.
Машваратро раиси ноҳия Носирзода Умедҷон Саидҷон кушода, иштирокчиёнро ба рӯзномаи ҷаласа шинос намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:
1. Тағйироти кадрӣ
2.Омодагии шабакаи барқи ноҳия ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025
4. Масъалаҳои ҷорӣ.
Дар машварати назоратӣ аз ҷониби раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон кадрҳои навтаъин Расулов Диловар Собирович ба мансаби маъмурии хизмати давлатӣ- раиси Ҷамоати деҳоти Сағирдашт ва Сафаров Тоиршо Холович ба мансаби маъмурии хизмати давлатӣ -раиси Ҷамоати деҳоти Вишхарв муаррифӣ намуда, ҷиҳати пешбурди фаъолият барору музаффариятҳои беназир таманно намуданд.
Аз рӯи масъалаи дуюм рӯзномаи маҷлис менеҷери КЭМ "Помир-энерҷӣ" дар ноҳия Амирҷонзода Фотеҳҷон вобаста ба андешидани тадбирҳои зарурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 маълумот доданд. Зикр карда шуд, ки бо ин мақсад аз тарафи кормандони ширкат хатҳои интиқоли нерӯи барқ, трансформаторҳо, равғаҳои молиданӣ дар анборҳо захира карда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Баъдан, раиси ноҳия вобаста ба масъалаи мазкур изҳори назар карда, ба масъулини соҳа ҷиҳати саривақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супориш доданд.
Вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис ва дигар масъалаҳои рӯзмарра раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон бо мақсади тақвият бахшидани корҳо ба масъулини идораву муассисаҳои ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 



Омори сомона

1321483
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
106
476
2424
1315378
11443
23181
1321483