Мақом ва нақши Конститутсия дар таҳкими давлатдории миллӣ
Ба миллати соҳибтамаддун ва халқи кӯҳанбунёди тоҷик бори дигар имконият даст дод, ки баъд аз ҳазорсолаҳо Истиқлолияти давлатии хешро ба даст оварда, давлати тозабунёди хешро бунёду барқарор созад. Паёмадҳои Истиқлолияти давлатӣ ҳанӯз аз солҳои 90-уми асригузашта сарчашма мегиранд.
Дар замони Истиқлолият дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон корҳои ҷиддию назаррас ва тақдирсоз пиёда гардиданд. Сохтани давлати муттамаддин ва пешрафтаро бе дар назардошти қонуни асосии миллӣ тасаввур кардан ғайри имкон аст. Дар он лаҳзаҳои сахту сангини таърихӣ қабул намудани Конститутсия Бахтномаи миллат корӣ басо мураккаб буд. Аммо ба ҳамаи ин мушкилиҳои замон нигоҳ накарда, Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи махсуси давлатро барои қабул намудани Конситутсияи соҳибистиқлоли кишвар таъсис доданд.
Ҳамин тариқ бо гузашти вақт бори нахуст аввалин маротиба дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон 6-ноябри соли 1994 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ ва ҳамовозӣ пайдо намудани сокинони кишвар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Қабул гардидани Бахтномаи миллат роҳи дубораеро барои таҳким ва тақвият бахшидани давлатдории миллӣ боз намуд. Қайд намудан зарур аст, ки маҳз бо қабул шудани Конститутсия ислоҳоти нав дар системаи сиёсии ҷомеа ба миён омад.
Дар тӯли 27- соли таърих Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бисёр равандҳои таърихӣ ва санҷишу имтиҳонҳои ҷиддии рӯзгор гузаштааст. Бояд кайд намуд, ки аввалин маротиба дар таърихӣ давлатдории Тоҷикистон бори нахуст дар Конститутсия ҳокимияти давлатӣ ба се шоха: мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим гардида, маҳз халқ ҳамчун сарчашмаи асосии ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Бо қабул гардидани Конститутсия имконият даст дод, ки дар кишвар парламенти касбӣ таъсис дода шуда, он аз ду Маҷлис- Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат буда, имрӯз дар самти қонунгузории кишвар саҳми назарас доранд.
Конститутсия барои рушду инкишофи пайдо кардани соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ заминаҳои мусоид фароҳам сохта, сатҳу сифати зиндагии мардум ба тадриҷ баланд гардид.
Дар моддаи 1-уми Конститутсия дарҷ гардидааст, ки «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шахс шароити шоистаи зиндагиро фароҳам меоварад».
Бунёди давлати ҳуқуқбунёд ҳар яки моро вазифадор месозад, ки риояи ҳатмии қонун, пеш аз хама меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи давлатро таъмин намоем, зеро риояву иҷрои қонун, яъне волояти қонун, шарти муҳимтарини мэъмори пойдории ҷомеаи навин ба шумор меравад. Эҳтиром ба Конститутсия ва қонунунҳо эҳтиром ба ҳуқуқи худ ва дигарон мебошад.
Дар шароити мураккабу печидаи имрӯза, дар замоне, ки вазъияти сиёсии ҷаҳонӣ хело муташаниҷ гардидааст, ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, уҳдадор аст, ки меъёрҳои муқараргардидаи Конститутсияро риоя намуда, баҳри волояти қонун ҳиссагузор бошад.
Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи
раиси ноҳия; Сафаров .М