Маҷлиси назоратии назди раиси ноҳияи Дарвоз баргузор гардид

Рӯзи 29.01.2025 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки муовинони раис, кормандони дастгоҳи раис, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сардорони идораю муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои деҳот маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия баргузор карда шуд.
Машваратро раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон кушода, иштирокчиёнро ба рӯзномаи ҷаласа шинос намуданд.
Дар ҷаласа Раиси ноҳия муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор кардани ҷашни Сада ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷашни мазкур бо риояи суннату анъанаҳои неки ниёгон доир карда шавад.
Инчунин, раиси ноҳия вобаста ба вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, сохтмони иншоотҳти таъиноти гуногун, рақамикунонии молияву иқдисод, тозаву озода намудари маҳали аҳолинишин идораву муассисаҳо, сохта ба истифода додани муассисаҳои томактабӣ дар ҷамоатҳои деҳот бо ҷалби соҳибкорон ва дигар ашхоси саховат пеша, сохтмони иншоотҳои дигари саноат, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар маркази ноҳия, ҳифзи арзишҳои миллӣ, роҳ надодан ба фарҳанги бегона, пушидани сару либосҳои миллӣ, пешгирии сатру ҳиҷоб , ҳифзи сарҳади давлатӣ, тарбия намудани фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, баланд бардоштани таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, омодаги ба даъвати ҷавононписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ интихобот, насб намудани шиору овезаҳои ҷашнӣ, тақвият додани ҳушёрию зиракии сиёсӣ, ва дигар масҳалаҳои рӯзмара мавриди барраси қароро дода, ба масъулини идораву муассисаҳои ноҳия дастуру супоришҳо дода шуд.