Маҷлиси назоратии назди раиси ноҳияи Дарвоз баргузор гардид

Имрӯз дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки муовинони раис, кормандони дастгоҳи раис, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони идораю муассисаҳо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия баргузор карда шуд.
Машваратро раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон кушода, иштирокчиёнро ба рӯзномаи ҷаласа шинос намуданд.
Дар ҷаласа масъалаи зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:
1.Вобаста ба дастуру супоришҳо ва масъалаҳое, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Раиси ноҳия муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон ба сухан баромада, зикр намуданд, ки бо мақсади пайдо намудани манъбаҳои нави андозбандӣ ва дарёфти сарчашмаҳои он аз ҷониби масъулин тадбирҳои саривақтӣ андешида шавад.
Инчунин, раиси ноҳия вобаста ба масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис, аз ҷумла; ба таври пурра гузаштани идораву муассисаҳои ноҳия, соҳибкорон ба таври ғайринақдӣ, рақамикунонии молияву иқдисод, риояи Кодекси одоби хизмати давлатӣ, ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, тозаву озода намудари маҳалли аҳолинишин, идораву муассисаҳо, пешгирии омилҳои фарбеҳшавӣ, машғул шудан ба варзиш, истифодаи самараноки нерӯи барқ, замин, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, сохта ба истифода додани муассисаҳои томактабӣ дар ҷамоатҳои деҳот бо ҷалби соҳибкорон ва дигар ашхоси саховатпеша, ба роҳ мондани қарзҳои кутоҳмуддат ба соҳибкорон, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар маркази ноҳия, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пушидани сару либоси миллӣ, пешгирии сатру ҳиҷоб, тарғибу ташвиқ намудани арзишҳои миллӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, тарбия намудани фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва дигар масҳалаҳои рӯзмара мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъулини идораву муассисаҳои ноҳия дастуру супоришҳо дода шуд.