Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардида

nihol
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлисии Олии кишвар бармеояд, аз моҳи феврал инҷониб маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардида, ҳар рӯзи шанбе дар маҳалҳо ва идораю муассисаҳо ҳашарҳои дастаҷамъона гузаронида мешаванд.
Ҳашарҳо бо иштироки бевоситаи роҳбарияти ноҳия, сардорони сохторҳои қудратӣ ва кормандони идораю муассисаҳо, инчунин сокинони деҳот баргузор карда мешаванд.
То ба ҳолати имрӯза зиёда аз 15000 ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда, ки дар таъмини онҳо саҳми соҳибкорон бениҳоят зиёд аст, шинонида шуда, ин раванд бо маром идома дорад.

 



Омори сомона

1321581
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
204
476
2522
1315378
11541
23181
1321581