Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Кӯри Сайидюнус ислоҳпазир нест (Фейксозиҳои оппозитсияи фирорӣ)

Аҷабо, гоҳо нафароне, ки ҷиноят содир менамоянд ва манофеи миллиро дар хатар гузошта, ба осиёи бегонагон об мерезанд, нашармида ба ниҳодҳои давлатӣ ва аз чумла ба Академияи илмҳо ва ба шахси Президенти ин ниҳод тавсия ҳам пешниҳод менамоянд.

Яке аз чунин нафарон Юнус Бурҳонов бо тахаллуси Кӯри Сайидюнуси Истаравшанӣ аст, ки дар пойгоҳи иттиллотиву хабарие, ки аз ҷониби аҷнабиҳо сармоягузорӣ мешавад, дар 24-соати шабонарўзӣ ба дурўғпароканиву мағзшуии ҷавонон дар роҳи савқ додани онҳо ба самти ифротгароиву хурофазадагӣ  машғул аст.

Ҷаноби олусу кӯр, Шумо агар кури маънавӣ нестед, дастоварди умумимиллӣ-Сохтмони аср-НБО Роғунро медидед. Ақалан, иқрор мешудед, ки созандагӣ ва илмдӯстӣ чӣ хел мешавад. Бо қудрати илм, кӯҳро шикофтан ва дар ихтиёри  мардум нур гузоштанро медидед. Бозсозии куллии ҷумҳуриро медидед. Сохтмони шоҳроҳҳо, мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва аз бунбасти коммунакатсионӣ раҳо шудани Тоҷикистонро бо айнаки шикастаи каҷатон медидед. Сарҳади душмании шумо палидакҳои ифротӣ ва сарпарастонатон бо илм ва олим то ҳадест, ки аъзои  Академияи илмҳо, олимон ва нухбагони шинохтаи тоҷик: М.Осимӣ, М.Назаршоев, М.Ғуломов, Исҳоқиро бо хоку оғушта карда куштед. Миллатро бесоҳиб кардан мехостанд, ки нашуд.

Чунин ба назар мерасад, ки пас аз чеҳракушоии Юнус Бурҳонов, бо тахаллуси кӯри Сайидюнуси Истаравшанӣ,  ки дар мақолоти иддае симои аслии он фош карда шуд ва ниқобҳояшро бадар намуданд, ба чунин натиҷа расида бошад, ки ароизеро ба раиси Академияи улум иброз дошта бошад. Вай  андеша менамояд, ки ҳамаи ин аз ҷониби Академияи улум таҳия шуда бошанд ва маҷмуи бахшҳои ин ниҳод ба ҷуз аз анҷом додани пажўҳишоти илмӣ ба “ҷанги нарм” бо мухолифин машғул буда бошанд.  Аммо ин андеша комилан ғалат ва ғайримантиқист ва посух ба саволҳои гузоштаи ў чунин аст:

  1. Академияи улум ҳамеша мояи ифтихор буд ва ҳаст, зеро ин ниҳод рисолати хешро аз бунёд то ба имрӯз, дар самти пажуҳишҳои илмӣ ҳам дар риштаи илмҳои табию риёзӣ ва ҳам дар самти пажуҳишу рушди илмҳои ҷомешиносӣ ба роҳ мондааст ва имрӯз низ меҳвари асосии Академияи илмҳоро пажуҳишҳои илмӣ ва тавсеаи тафаккури илмӣ дар ҷомеа ва боло бурдани нуфузу ҷойгоҳи илм дар ҷомеа ташкил медиҳад. Мусаллам аст, ки Академияи илмҳо ҷузъи ҷомеаи Тоҷикистон аст ва равандҳое, ки дар ҷомеа ба вуҷуд меоянд, таҳлилу баррасӣ намудан, дурнамои рушди онҳоро муайян кардан ва ҷомеаро дар баробари равандҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ огоҳ намудан ба салоҳияти олимони бахши ҷомеашиносии  ин ниҳод мутаалиқ аст.

Дар замони ҷанги шаҳвандии солҳои 90-ум яке аз роҳҳои асосие, ки мардумонро ба шур оварда, онҳоро ба ҳам даргир намуд, набудани ахбори дурусти илмӣ ва собитшудаву таҳлилёфта аз як тараф, ва аз ҷониби дигар дахолат накардани олимон ба ин равандҳо ва таҳлили дуруст наёфтани ин равандҳо боиси он гардид, ки ҳар кавдане худро аломае эълон намуд ва бо афкори хурофотию экстремистии хеш афкори мардумро масмун намуд. Бародарро бо бародар падарро бо писар маҳалро бо маҳал ба ҷангу хунрезӣ раҳнамун карда, миллатро дар ҳоли нобудӣ гузоштанд. 

  1. Кури Сайидюнус ин ҳаммаслакони шумо буданд, ки ҳануз дар воқеоти сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта аввалин ҳамлаи лафзиро бар алайҳи олиму муаллим намуданд ва руҳияи илмиро дар кишвар шикаста, ҷойгоҳи илму олимро беэътибор эълон доштанд. Махсусан бо мавзеаҳое, ки нони олиму муаллим ва духтур ҳаром, зани олиму муаллиму духтур талоқ ва ҷанозаи олиму муаллиму духтур нораво аз забони фаъолону ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ-и шумо садо дода буд.

3.Академияи илмҳо тибқи хоҳиши Сайидюнус боясти аз таҳлили ҳама гуна вазъиятҳо ва баррасии хабару мақолот, даст бардорад. Аз ҷониби дигар он нафарони бисёр “дилсузу миллатдуст”, ки гўё  дар ин ниҳод кор мекарда бошанд ва бисёр бо таассуф ба Сайидюнус “ахбори мувассақ” ирсол медошта бошанд, агар дар воқеъ бошанд, ҷуз нафарони гумроҳшудаи худбохтае нестанд.  Чун шумо ба ҳаммаслаконатон ғаразро канора намегузоред ва собит шудааст, ки мунақидони хешро ҳамеша ҷисман аз байн бурдаед ва афкори шумо аз инсонбадбинӣ сарчашма мегирад, аз ин рӯ:

Якум, инсонбадбинӣ, ифротгароӣ ва терроризмманишиатон боис гардидааст, ки мардум ба шумо на ба номи асл, балки ба номи мустаор ҷавоб менависанд.

Дуюм,  ҳамаи матолиби навишташудае, ки ба унвони шумо ва гурўҳҳои дигар ирсол мешавад, навиштаи олимон нестанд, балки бо сабаби барои аксари мутлақи сокинони кишвар аъмоли зишт зиддиинсонӣ ва ҷинояткоронаи шумо нафратангез будан,  ин матолиб аз ҷониби гурўҳҳои зиёди иҷтимоӣ таълиф меёбанд ва мутмаинем, ки минбаъд боз ҳам зиёд мегарданд;

Сеюм, касе ба куру кар будан ё чулоқу нобино будан айб нагирифтааст. Аммо бадтар аз ҳамаи ин айб куриест, ки бо дидаи бино ҷаҳонро дубин бинад. Ба хотири манфиатҳои гурўҳии хеш сафедро сиёҳ гўяд ва миллату ҷомеаи хешро бо пулу сармояи бегонагон ба савдо гузорад.

Ал-қисса, ин воқеан куриест, ки бадтар аз айб аст.

Эҳсони Илҳом, коршиноси умури сиёсӣ



Омори сомона

1321761
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
384
476
2702
1315378
11721
23181
1321761